Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нооромиҳо дар шаҳри Андиҷони Узбакистон


Бино ба гузориши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Осиёи Марказӣ, бинобар ноамнӣ ва хушунатҳо дар шаҳри Андиҷони Ӯзбакистон, се кишвари ҳамсоя Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон бархе аз гузаргоҳҳои марзии худ бо Узбакистонро бастаанд ва ё ҳифозати марзи худро тақвият додаанд. То кунун аз ин шаҳр гузоришҳои зидду нақизе доир ба бархӯрдҳо мерасанд. Хабаргузории "Итар Тасс" аз қавли дафтари раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов навиштааст, ки дар бархӯрдҳо бо тазоҳургарон чанд маъмури амниятӣ кушта шудааст.
Яке аз тазоҳургарон ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тошканд гуфтааст, ки онҳо чанде аз кормандони полисро ба гарав гирифтаанд. Як тазоҳургар, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо мехоҳанд, дар ҳалли муноқишаи онҳо бо ҳукумат Русия миёнҷигарӣ кунад, зеро ҳукумати Русия мушкили онҳоро медонад.
Ҳукумати Узбакистон дастур додааст, то нерӯҳои иловагӣ дар хиёбонҳои Андиҷон ворид карда шаванд.
Шаби гузашта издиҳоме ба маҳбаси низомаш шадиди Андиҷон ҳамла бурда, садҳо маҳбуси онро раҳо кардаанд. Ин шаҳр дар гузашта саҳнаи тазоҳуроте буд, ки дар онҳо озодии 23 соҳибкори узбакро, ки бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои ғайриқонунии исломӣ зиндонӣ шудаанд, талаб мешуд. Ин соҳибкорон иттиҳомотро рад карда, гуфтаанд, ки онҳо ангезаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ доранд.
Ва дар ҳамин ҳол сафорати Амрико дар Тошканд хабар додааст, ки полиси Узбакистон, як бомбгузори маргталабро дар хориҷ аз сафорати Исроил дар пойтахти ин кишвар ба ҳалокат расонидааст.
XS
SM
MD
LG