Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Амрико: Тоҷикистон бояд ба манбаи нирӯи барқи минтақа табдил ёбад


Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон Ричард Ҳоугленд мегӯяд, мақсад аз кӯшишҳои давлаташ дар густариши демократия барканор кардани низомҳои мавҷуда набуда, мусоидат ба бунёди давлатҳои тавоно, собит ва шукуфон аст.
Ҳоугленд рӯзи 12-уми май дар мулоқот бо кормандони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфт, суботу пешрафти ҳар ҷомеъа ба рушди мардумсолорӣ дар он бастагӣ дорад ва дар навбати худ суботу оромӣ омили аслии ҷалби сармояҳои хориҷист. Меҳвари сӯҳбатҳои сафир Ҳоуглендро мавзӯъҳои иқтисодӣ ташкил доданд ва ӯ афзуд, бо вуҷуди он ки Иёлоти Муттаҳида дар сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда ширкат намекунад, кӯшиши ҳукумати Буш ин аст, ки Тоҷикистон ба содиркунандаи минтақавии нирӯи барқ табдил ёбад. Сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон гуфт, Амрико дар таҳияи заминаҳои ҷалби сармоягузорони амрикоӣ ва байнулмилалӣ ба Тоҷикистон 400 ҳазор доллар сарф кардааст ва мехоҳад, онҳо дар коркарди захираҳои табии Тоҷикистон ширкат кунанд.
Сафир Ҳоугленд инчунин ба густариш ва таҳкими бахши хусусии иқтисодиёти Тоҷикистон даъват кард.
XS
SM
MD
LG