Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди президент аз Маркази омӯзиши марзбонони тоҷик


Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 11май дар маросими савганди садоқати наваскарон, ки дар Маркази омӯзиши Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон доир шуд, ширкат ва суханронӣ кардааст. Дар баёнияе, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ интишор дод, гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳузури 500 аскари нави нирӯҳои марзбонӣ ва волидайни ин асокир ба зарурати омодагии нирӯҳои марзбонии кишвар ҷиҳати дифоъи марзу буми ватан таъкид карда, эътимоду садоқат ба меҳанро барои сарбозон муҳим хондааст.

Ҳакими Қаландар - фармондеҳи Маркази омӯзишии Кумитаи ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, пас аз адои маросими савганди садоқат ба Ватан раисиҷумҳур аз вазъи Маркази омӯзишӣ, хобгоҳи сарбозон ва афсарони ин Марказ дидан кардааст. Ба гуфтаи сраҳанг Ҳакими Қаландар, Эмомалӣ Раҳмонов ба хотири боло бурдани сатҳи касбии афсарон ва бо таҷҳизоти муосир таъмин кардани Маркази омӯзиши нирӯҳои марзбонии кишвар ба ин таълимгоҳ ваъдаи 200 000 сомонӣ кӯмак кардааст.

Дар пайи тавофуқоти марзи имзошуда бо Русия Маркази омӯзишии мазкур дар баҳори соли ҷорӣ ба ихтиёри сарҳадбонони тоҷик вогузор шуд ва барои бори аввал аст, ки сарбозони тоза ба хидмат даъватшудаи нирӯҳои марзбонии тоҷик давраи омӯзишии хидматро дар ин Марказ тай мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир аз 4 180 километри марзи умумии Тоҷикистон 2 912 километрашро сарҳадбонони тоҷик зери назорат доранд, аз ҷумла 511 километри марз бо Чин, 1 344 километр марз бо Афғонистон дар самти Бадахшон ва 134 километр дар минтақаи марзии Шӯробод тай ду соли ахир ба ихтиёри марзбонони тоҷик вогузор шудааст. Дар баёнияи дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки 530 километр тӯли марз бо Афғонистон дар самти навоҳии Панҷ ва Ҳамадонӣ низ дар рӯзҳои наздик таҳти ҳимояти марзбонони тоҷик қарор хоҳад гирифт.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG