Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Қошғар аз ағбаи Қулма мегузарад


Шишаҳои оби зулоли Бадахшон, мӯҳраҳои аз сангҳои ороишӣ сохташуда ва соъир намунаҳову фаровардаҳои косибии мардуми Бадахшон дар як намоишгоҳи маҳсулоти кишварҳои Осиёи Ҷанубиву Осиёи Марказӣ дар шаҳри Қошғари музофоти Шинҷони Чин ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Қошғар баъди Урумчӣ дуввумин шаҳри бузурги музофоти Шинҷони Чин маҳсуб мешавад ва мақомоти ин шаҳр мегӯянд, бо дарназардошти таваҷҷӯҳи афзоянда ба Осиёи Марказӣ ва боз шудани роҳҳои нав ба сӯи он минтақа, аз ҷумла тавассути ағбаи Қулма, мехоҳанд акнун Қошғарро ба як маркази умдаи тиҷорати минтақавӣ табдил диҳанд.

Дар ин намоишгоҳ ҳамроҳ бо соҳибкорон аз кишварҳои дигар гурӯҳе аз тоҷирони бадахшӣ ҳам иштирок мекунанд. Акбаршоҳи Акбаршоҳ, як тоҷири тоҷик аз Бадахшон мегӯяд, феълан дар бозори Қошғар нақши умдаро тоҷирони қирғизу покистонӣ ба худ ихтисос додаанд, вале тоҷирони тоҷик ба иллати фаъолияти мавсимии роҳи ағбаи Қулма то ҳол дар ин бозор ҷойгоҳи сазовор пайдо накардаанд.

Хусрав Нозирӣ, котиби сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мӯътақид аст, ки баргузории чунин намоишгоҳҳои минтақавӣ дар вилояти бо Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарзи Қошғар як омили дигари рушди равобиту тиҷорат дар минтақа хоҳад шуд. Оқои Нозирӣ гуфт, бисёре аз бозаргонони тоҷик ба манзури ҳамлу нақли молу коло то ҳол аз роҳи оҳане истифода мекунанд, ки тавассути қаламрави Қазоқистон мегузарад. Аммо, гуфт вай, бо беҳтар шудани шароити роҳи ағбаи Қулма ва бо кӯчидани маркази тиҷоратҳои минтақавӣ ба Қошғар, ки ба марзи Тоҷикистон хеле наздик ҳаст, таваҷҷӯҳи тоҷирон ҳам ба роҳи ағбаи Қулма хоҳад афзуд.

Расми ифтитоҳи нахустин гузаргоҳи марзӣ дар ағбаи Қулма 25 майи соли гузашта доир шуда, роҳи ағбаи Қулма, таври маълум , аз тобистони соли гузашта барои равуои мардум ва нақлиёт боз шудааст. Хусрав Нозирӣ гуфт: "Роҳ феълан ҷавобгӯи ҳама талаботи фаннӣ нест. Вале бозе ки ин роҳ кушода шуд, як навъ тамоюле ба сӯи афзоиши додугирифт байни Тоҷикистону Чин аз ин роҳ ба назар мерасад. Масалан соли гузашта табодули молу коло байни Тоҷикистону Чин тавассути роҳи ағбаи Қулма ба 717 000 доллари амрикоӣ баробар шуда буд."

Қайсар Саробек, масъули умури шаҳрдории Қошғар ва аз тоҷикони муқими ин шаҳр, изҳор дошт, ки мақомоти ҷониби Чин тасмим гирифтаанд, дар мавзеъи Қаросӯ, ки аз гузаргоҳи Қулма ҳамагӣ 6 километр поёнтар ҷой гирифтааст, як бозори озод барои тиҷорати марзӣ таъсис диҳанд.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Қошғари Чин
XS
SM
MD
LG