Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотираҳои Бобои Иноят собиқадори Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва бародари Сафар Амиршоев


Ин як лаҳза аз ёддошти ҷангии Бобои Иноят, бародари кӯчаки Сафар Амиршоев, қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аст, ки мудом аз он рӯзҳои пурдаҳшат ва ҳамзамон мардонагии ҳамсафони худ бо як эҳсоси баланди меҳанпарастӣ ёдовар мешавад. Ва ин дар ҳолест, теъдоди чунин нафароне, ки 60 сол қабл дар ҳизфи ватани худ аз фашистони Олмон сина сипар кардаву ҳар панҷа хоки ин сарзаминро бо қиммати ҷон мехариданд, феълан ба шуморанд.

Абдулвоҳид Шодиев, раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Қӯрғонтеппа мегӯяд: "Феълан дар шаҳри Қӯрғонтеппа 42 нафар маъюбони ҶБВ,12 нафар иштирокчиёни ин ҷанг, 54 нафар собиқадорони меҳнати солҳои 1941-45, 11 нафар иштирокчиёни муҳорибаҳои солҳои 1956 Венгрия, 5 нафар оилаҳои дар ҷанги бузурги ватани ҳалокшуда ва се нафар собиқадорони артиши шӯравӣзиндагӣ доранд. Соли ҷорӣ 19 нафар ва соли гузашта 21 нафари онҳо вафот карданд."

Аммо ба гуфтаи ӯ феълан сарбозони замони ҷанги бузурги ватанӣ, ки сокини шаҳри Қӯрғонтеппаанд, ба хотири қаҳрамониҳои худ эҳтироми гиромӣ доранд ва ҳар фурсати муносиб аз кӯмаку пуштибонӣ баҳра мебаранд:
"Рости гап шароити собиқадорони ҷангу меҳнат рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст. Дирӯз аз ҳисоби ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа 3600 сомони барои мо пул ҷудо карданд, ки ба ҳар як нафар иштирокчии ҷанги бузурги ватани тақсим кардем. Ҳамчунин ба иштирокчиён ва маъюбони ҷанг 300 сомонигӣ кӯмакпулӣ дода мешавад."

Дар ҳамин ҳол Рауф Раҳмонов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар ин ҷанг маълул гаштаву ҳамзамон бо нишонҳои зиёди ҷангӣ имрӯз ордени "Ситораи сурх" сари сина дорад, мегӯяд:

"Шароити зиндагиамон хуб ҳам набошад, бад ҳам нест. Нафақаҳомона сари вақт аз ҳама пеш мо мегирем. Нафақаам 125 сомонӣ аст, ҳарчанд кифоя набошад, бо нархҳои имрӯза вале кам нест."

Бобои Рауф, разведчики артиши шӯравӣ замони набардҳо ҷиҳати озод кардани шаҳри Варшава се тан аз сарбозони артиши олмони фашистиро асир гирифтааст ва барои ин қаҳрамонӣ ба ӯ ордени "Ситораи сурх"- ро тақдир шудааст. Дар тани бобои Рауф ҳанӯзам як тир аз он ҷанг маҳфуз аст, ки то ҳанӯз имкони хориҷ кардан аз вуҷудашро пайдо накардаанд. Ӯ мегӯяд, акнун намехоҳад, ин тир аз танаш хориҷ шавад, зеро хотира аз он рӯзҳои даҳшат аст ва он набояд фаромӯш гардад.

Аммо Иноят Амиршоев, бародари Сафар Амиршоев, қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ низ дар ин ҷанг мардонагиҳои зиёд кардааст, ки ба унвони қаҳрамонӣ арзиш доштааст, вале тавре ӯ мегӯяд ин унвонро ба ӯ надодаанд. Бобои Иноят гуфт, дар танҳоӣ 12 нафар сарбозони олмониро асир кард, вале унвони қаҳрамониро ба Ярин, як нафар сарбози ҳамсафи ӯ, ки миллаташ рус буд, шоиста донистанд:

"Баъд аз он ки асиронро овардем ҳама маро болои даст мебардошт. Дар мавриди корномаамон ҳисобот додем. Баъд аз ин капитан Дубровин гуфтани афсар маро даъват карда гуфт, ба ҷои шумо ба хотири он ки шумо аққалияти миллӣ ҳастед, сержанти калонро унвони қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ доданд. Ӯ гуфт, биё ба Сталин ариза навис ин унвонро бигир, вале ман гуфтам, шояд чанд рӯзи дигар саломат ҳастем ба ман лозим нест. Дубровин дар ҷавоб гуфт ту зинда мемонӣ, вале ман мемирам, аммо ин гапи маро ҳеҷ гоҳ аз хотир намебарорӣ ва пушаймон мешавӣ."

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Абдулвоҳид Шодиев, раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Қӯрғонтеппа ҳудуди 30 нафар аз ширкаткунандагон ва маълулони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бистарӣ ва дардманданд. Ӯ мегӯяд, дар назди идораи ҳифзи иҷтимоии шаҳри Қӯрғонтеппа шӯъбаи махсус фаъол аст, ки ҷиҳати нигаҳбонии иштирокчиён ва маъюбони ин ҷанг муваззаф гаштаанд ва аз ҳоли онҳо хабардор мешаванд, барояшон ғизо омода ва ҳатто либосу манзилашонро пок месозанд.
XS
SM
MD
LG