Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои мусбати фиристодаи IMF ба вазъи ислоҳот дар Тоҷикистон


Раҳбари ҳайати намояндагии Сандуқи байнулмилалии пул Питер Вингли дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов иҷрои барномаҳои молиявию иқтисодӣ ва ҷараёни ислоҳоти сохтории ҳукумати Тоҷикистонро дар ин самт мусбат арзёбӣ кард. Вай раванди иҷрои тарҳҳои муштараки ин созмон ва ҳукумати кишварро баррасӣ намуда, гуфт усули татбиқи ислоҳот дар сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон дар маҷмӯъ рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. Вингли афзуд, дар ин нишаст шаффофияти манобеъ ва дахлу харҷи буҷаи солонаи кишвар ва масоили зарурати иҷроиши Кодекси нави молиёт ва гумрук аз мавзӯъҳои асосӣ буданд.
Президент Раҳмонов дар навбати худ аз сатҳи ҳамкориҳо бо Сандуқи байналмилалии пул ва татбиқи барномаи давлатии коҳиши фақр бо мусоидати ин ниҳод изҳори қаоатмандӣ кардааст. Аммо Вингли гуфт, новобаста аз эътидоли вазъи иқтисодӣ идомаи ислоҳот дар низоми бонкдорӣ, сохтори идорӣ, ҳамоҳангии қонунҳои соҳавӣ, махусан қонунҳои молиёт ва гумрук дар Тоҷикистон муҳим мебошанд. Вай бар пояи таҳлили коршиносони байнулмилал бо чанд пешниҳоди мушаххас ҷиҳати тақвияти ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла дар самти беҳсозии хидматрасонии бахши давлатӣ, мусоидат дар тавсиаи бахши хусусӣ, идомаи ислоҳоти сохторӣ ва махсусан шаффофият дар таъмини буҷаи солона бар зарурати идомаи ислоҳоти ин соҳаҳо ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардааст.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG