Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди ҳалкунанда дар масъалаи барномаи ҳаставии Эрон


Вазири корҳои хориҷии Эрон Камоли Харрозӣ дар робита ба гуфтушуниди сарнавиштсози кишвараш бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо бори дигар такрор кард, ки Теҳрон дар ҳоли нокомии ин музокирот барномаи ғанигардонии уранро аз нав оғоз мекунад. Ин гуфтушунидҳо рӯзи 29-уми апрел дар дар Лондон ҷараён хоҳанд дошт. Дар ин ҷо мақомоти эронӣ бо намояндагони Бритониё, Фаронса ва Олмон гуфтугӯ хоҳанд кард. Ин се кишвари Иттиҳоди Аврупо мехоҳанд, бо пешниҳоди фоидаҳои иқтисодӣ Эронро ба қатъи пурраи ғанигардонии уран водор кунанд. Ғанигардонии уран як роҳи дастёфт ба силоҳи ҳаставӣ шумурда мешавад. Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳушдор дод, ки агар дар ин нишаст созише ба даст наояд, Теҳрон амалиёти марбут ба уранро дубора сар мекунад. Дар посух, кишварҳои аврупоӣ ҳушдор доданд, ки агар Эрон дар ҳамин гуфтушунид созишҳои пешинаро поймол кунад, онҳо аз мавқеъи Амрико пуштибонӣ карда, парвандаи Эронро барои ҷорӣ намудани таҳримҳо ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод хоҳанд кард. Амрико Эронро дар кӯшишҳои махфии дастёфт ба силоҳи ҳаставӣ айбдор мекунад, вале Теҳрон мегӯяд, барномаи он комилан сулҳомез аст.
XS
SM
MD
LG