Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси комиссия дар порлумони Қирғизистон барои ҳалли масоили марзӣ бо Тоҷикистон


Вакилони мардумии порлумони Қирғизистон як комиссияи махсуси порлумониро барои ҳалли масоили баҳсноки марзӣ бо Тоҷикистон таъсис додаанд ва сабаби таъсиси комиссия ба гуфтаи ин вакилон, "ишғоли худсаронаи заминҳои вилояти Баткени Қирғизистон таввасути шаҳрвандони Тоҷикистон" аст.
Хабаргузории "Интерфакс"-и Русия аз қавли маркази матбуоти порлумони Қирғизистон навиштааст, ки ҳафтаи гузашта сокинони маҳаллаҳои марзии Тоҷикистон саъй карданд, то заминҳои ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткандро ишғол кунанд.
Хабаргузорӣ ҳамчунин аз қавли маркази матбуоти порлумони Қирғизистон навиштааст, комиссияи тозатаъсис бояд сабабҳои ишғоли заминҳои вилоятҳои Ботканд ва роҳҳои ҳалли ин мушкилро таҳқиқ кунад. Ба вакилони мардумии Қирғизистон дар Хадамоти марзбонии ин кишвар гуфтаанд, ки то ҳанӯз хати марзии ин минтақа таввасути ду кишвар мушаххас нашудааст ва ин яке аз сабабҳои ишғоли заминҳо мебошад.
Дигар ин ки муҳоҷирати зиёди аҳолии Боткани Қирғизистон низ ба гуфтаи маркази матбуоти порлумони ин кишвар, сабаби ба дасти шаҳрвандони Тоҷикистон гузаштани заминҳои ин минтақа мешавад, зеро қирғизҳои муқими манотиқи марзӣ кӯч мебанданд ва хонаҳои худро ба шаҳрвандони Тоҷикистон мефурӯшанд.
Делимитатсияи марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон соли 2003-ум шурӯъ шудааст ва ба бинобар хабарҳои мухталиф дар марзи 950 километрии ҳар ду кишвар 38 қитъаи баҳснок вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG