Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шасту се нишони тиллои донишҷӯёни тоҷик


Дар дуввумин спартакиада ва ё мусобиқоти донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, баъди ҷамъбасти чаҳор рӯзи рақобатҳо дастаи якуми пойтахти ин кишвар дар ҷойи аввал мебошад. Варзишгарони ин даста дар рақобатҳои гӯштии миллӣ, дзюдо ва варзиши сабук мақоми аввалро ишғол намуда, бо назардошти рақобатҳои инфиродӣ соҳиби 63 медал, аз ҷумла 42 медали тилло шуданд.
Дастаи мунтахаби вилояти Суғд бо 53 медал, аз ҷумла 16 нишони тилло дар ҷойи дуввум қарор дорад. Донишҷӯёни шаҳри Хуҷанд дар ду риштаи варзиш - вазнбардорӣ ва сангбардорӣ мақоми аввалро касб карданд. Тими дуввуми донишҷӯёни шаҳри Душанбе, ки 41 медал, аз ҷумла 3 медали тилло ба даст овардааст, мақоми севвумро ишғол мекунад.
Ҷамшед Акбаров, узви дастаи мунтахаби вилояти Суғд, ки дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мусобиқот барои рушди варзиш миёни донишҷӯён ва такмили маҳорати варзишии онҳо мусоидат мекунад.Бар асоси барномаи мусобиқот рақобатҳо дар панҷ риштаи варзиш -баскетболу волейбол, футболи хурд, бокс, гӯштии юнонию румӣ идома хоҳад кард.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG