Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як миллион $ барои ҷавонони Тоҷикистон.


Ҷаноби Раҳматуллоев дар нишасти матбуотияш гуфт, барномаи миллии ҷавонон барои солҳои 2004-2006 ҳалли машокили зиёдеро дар назар гирифтааст ва барои татбиқи ин барнома як миллион доллар ҷудо шудааст. Ба суоли хабарнигори "Ояндасоз", ки иқдомоти ахири ҳукумат нисбат ба ҷавонон, аз ҷумла баргузории ҳафтаи ҷавонон ва дар чаҳорчӯбаи он вохӯрии раисҷумҳур Раҳмонов бо ҷавонон ва ба ҳадди саддарсада боло бардоштани кӯмакпулӣ оё аз рӯи як барномаи вижаи қаблан матраҳшуда сурат мегирад ва ё ба ҳаводиси ахир дар Украина ва Қирғизистон рабте дорад, раиси кумитаи кор бо ҷавонони Тоҷикистон чунин посух дод:

«Ин (иқдомот) на барои ҳукумат аст, балки барои ҷавонони Тоҷикистон аст. То соли 2005 агар ҳамин қарору таклифу пешниҳодҳо намебуд, ман фикр мекардам, ки саволи шумо дар мавриди дигар давлатҳо рост меомад. Лекин дастгирии ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгриии президенти ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон хеле ҳам зиёд аст.»

Асадулло Раҳматуллоев гуфт, Тоҷикистон танҳо кишварест дар миёни ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ, ки кумитаи вижаи кор бо ҷавонон дорад. Дар мавриди бекории ҷавонон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон гуфт, дар як солу се моҳи ахир тариқи биржайи меҳнати кумита ҳудуди ҳаштсад ҷавон дар Тоҷикистон бо ҷои кор таъмин шудааст. Мувофиқи маълумоти расмии ин кумита, ҷавонони аз чаҳордаҳ то сисола сиву се дар сади аҳолии шашмиллионнафараи Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва ба тахминҳои кошиносон ҳудуди як миллион нафар шаҳрванди Тоҷикистон, аксари куллашон ҷавонон дар ҷустуҷӯи кор ба хориҷ аз кишвар, ағлабан ба Русия сафар кардаанд. Аз раиси Кумитаи кор бо ҷавонон дар мавриди мушкилоти зиёди муҳоҷирони кории тоҷик пурсида шуд. Гуфт:

«Бисёри ҷавонон тавре дар ҳамон «Лаҳзаҳои Гуворо» ҳам гуфта буданд, забони русӣ не, ҳатто забони тоҷикии худашро ҳам намедонанд. Донистани ҳуқуқаш он тараф истад.»

Дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ҳамчунин чанд омори ҷолибе оварда шуд. Аз ҷумла, ин ки ҳафтод ва аз даҳ панҷ дарсади аҳолии Тоҷикистон зери сӣ сол доранд. Аз 317 гирифтори расмии ВИЧ - СПИД то оғози соли ҷорӣ беш аз шаст дар садаш то сисола мебошанд. Дар Тоҷикистон 151 иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон сабти ном шудааст. Дар интихоботи ахири порлумонӣ ҳудуди дусад ҳазор ҷавони аз ҳаждаҳсола боло нахустин бор ҳаққи раъйдиҳӣ пайдо карда буданд ва аз он шумор танҳо сенздаҳу ним фоиз дар макотиби олӣ ва миёнаи техникӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
XS
SM
MD
LG