Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маънии боздоштҳо, зиндон карданҳо ва таъқибҳо


Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 26 апрел бо таъйиди хабари боздошти дубораи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов додситони кулл эълом кард, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноии Ёқуб Салимов вазири пешини умури дохила ва собиқ раиси Кумитаи гумруки ин кишвар ба поён расида ва Додгоҳи олӣ ӯро ба 15 соли зиндон ҳукм кардааст. Додситони кулли Тоҷикистон тавзеҳ кард, ки барои вопас гирифтани Ёқуб Салимов аз Русия, тибқи дархости ин кишвар, ба бархе аз иттиҳомоти қаблан эъломшуда мақомоти тафтишотии Тоҷикистон тағйир ворид карданд.

Ба ҳамин тартиб ба дунболи ин тағйирот дар парвандаи ҷиноии Ёқуб Салимов нирӯҳои амниятии Русия баъди 8 моҳи боздошт дар маҳбаси Лефортово ӯро ба Тоҷикистон истирдод намуданд. Генерал Ёқуб Салимов аз нахустин чеҳраҳои саршиноси ҳаводиси солҳои навадуми қарни гузаштаи кишвар буд, ки Русия дархости Тоҷикистонро ҷиҳати истирдоди ӯ пазируфт. Ва инак Муҳаммадрӯзӣ Искандаров генерали дуввум ва ҳамчунин аз афроди давлатии ҳукумати вақти Тоҷикистон аст, ки новобаста аз раҳоии ӯ аз маҳбаси Маскав дубора ва ба гуфтаи додситони кулл дар пойтахти Тоҷикистон боздошт мешавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, ки се генерали боздоштшуда Ёқуб Салимов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва ҳамчунин Ғаффор Мирзоев раиси пешини Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир тақрибан бо иттиҳомоти мушобеҳ қасди ташкили табадуллоти давлатӣ муттаҳам мешаванд, коршиносони мустақил ва масъулини аҳзоби сиёсии мухолифи давлат ба мавҷудияти авомил ва ангезаи сиёсӣ доштани ин қазия ишора мекунанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода- сухангӯи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки мақомот мехоҳанд, дар арафаи маъракаи муҳими сиёсии кишвар, яъне интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006-и кишвар нафари муддаии ин мақом аз ҷониби ҳукумати вақт бе рақиби ҷиддӣ вориди саҳна бишавад.

Назари Ҳикматулло Сайфуллозода

Оқои Сайфуллозода афзуд, ки эъломи ҳамзамони боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва эъломи ҳукми зиндони Ёқуб Салимов тавассути додситони куллро метавон як навъи ҳушдор ба афроди дигарандеш, ки талоши вуруд ба майдони сиёсатро доранд низ арзёбӣ кард.

Ба назари Сайидаҳмади Қаландар- раиси маркази таҳлилии мавсум ба "Сипеҳр" боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Душанбе, ки аз сӯи додситони кулл таъйид шудааст, боварибахш нест. Ӯ афзуд, бозпас додани Ёқуб Салимов ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ду нафари дар собиқ мансабдори ҳукумати Раҳмонов аз сӯи Маскав, ки дар ин кишвар паноҳандагӣ ҷустаанд, шаҳодати он аст, ки Русия ба хотири ҳифзи манофеи геополиткии худ аз риояти арзишҳо ва меъёрҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ сарфи назар мекунад.

Ва аммо Бобоҷон Бобохонов додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарии худ таъкид кардааст, ки масъалаи истирдоди Ҳабиб Насруллоев - раиси собиқи идораи "Тоҷикматлубот", ки ҳоло дар маҳбаси Маскав ба сар мебарад, низ ба анҷоми худ наздик шудааст.
XS
SM
MD
LG