Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чопи нашрияи нав дар Кулоб


Рӯзи душанбеи 25 апрел дар Кӯлоб нахустин нашрия, ё худ бюллетени хабарии мустақил ба фаъолият шурӯъ кард. Бюллетени мазкур бо ибтикори журналист Сӯҳробшо Фаррухшоев ва бо кӯмаки молии Бунёди Авурсосиё ва ҳукумати Ҳолланд ба чоп расид.
Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ - сардабири ин нашрия мегӯяд, тӯли 13 соли истиқлолият минтақа ба ҳамингуна бюллетени иттилоотӣ ниёз дошт. Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сардабири нашрияи хабарӣ мегӯяд: "Бюллетен охири кор нест ва мо ҳадаф дорем, ки тамоми таҳаввулоти минтақаро фарогир бошем ва бо ифтитоҳи нуқоти хабаргузорӣ дар навоҳии наздимарзӣ як оҷонсии иттилоотиро дар оянда рӯи кор орем."
Нашрия ҳамакнун дар мавзеъи наздимарзӣ ва навоҳии атноф хабарнигор гирифтааст. Алихони Зариф хабарнигори ин нашрия дар ноҳияи наздимарзии Шӯрообод мегӯяд, дар таърихи истиқлоли нахустин бор аст, ки як нашрияи ғайридавлатӣ дар ин ноҳияи дурдасти марзӣ хабаргузор гирифтааст. Тибқи иттилоъи Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, бюллетени хабарӣ дар ду намуд чопӣ ва электронӣ паҳн мегардад.
Сайёфи Мизроб, Кулоб
XS
SM
MD
LG