Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонӣ шудани маъмури собиқи амниятӣ барои фаъолият дар Ҳизб-ут-Таҳрир


Хуҷанд.

Додгоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъаи 22 - уми апрел баъди як ҳафтаи мурофиа Даврон Ҷабборов - корманди собиқи мақомоти амниятии Суғдро барои фаъолият дар Ҳизб-ут-Таҳрир ва дузанагӣ ба даҳ соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард. Ҳамчунин, афсари пешини амниятӣ бо ҳукми додгоҳ аз ишғоли мансабҳои динӣ дар муддати панҷ соли пас аз адои ҷазо маҳрум гардид.
Мавлуда Қаландарова - раиси мурофиа, додраси додгоҳи Суғд ҳангоми эълони ҳукм гуфт, Даврон Ҷабборов тибқи панҷ банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон дар робита ба фаъолият дар Ҳизб-ут-Таҳрир, таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ, даъват барои бо роҳи зӯрӣ дигаргун кардани ҳукумати қонунӣ, барангезиши кинаву адовати милливу мазҳабӣ ва дузанагӣ гунаҳкор дониста шудааст.
Маҳкумшуда - Даврон Ҷабборов аз соли 1995 то тирамоҳи соли 1998 дар бахши мубориза алайҳи терроризми раёсати вазорати амнияти Тоҷикистон дар вилояти Суғд адои вазифа намудаааст. Вай дар пайи як иштибоҳ ҳангоми корбурди силоҳи оташфишон, ки боиси куштори як ҳампешааш гаштааст, аз мақомоти амниятӣ ронда шудааст.
Даврон Ҷабборов пас аз анҷоми мурофиа аз ҳукми додгоҳ нисбаташ изҳори норизоят кард. Дар посух ба суоли шумо худро дар ҳақиқат узви Ҳизб-ут-Таҳрир ҳисоб мекунед, ӯ гуфт: "Алҳамдулиллоҳ, ман узви Ҳизб-ут-Таҳрир. Ҳукми додгоҳ нисбати ман беадолатона аст. Исбот нашудааст, ки ман қонунро вайрон кардаам. Чунки Ҳизб-ут-Таҳрир ҳеҷ ғояи бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимиятро надорад."
Корманди собиқи амниятии Суғд бо шурӯъи мурофиаи додгоҳӣ мансубияти худ ба Ҳизб-ут-Таҳрир ва ду зан доштани худро эътироф карда буд. Аммо вай аз хидмати вакили дифоъ дар ҷараёни мурофиа даст кашид ва барояш аз ҷониби давлат вакили дифоъ гузошта шуд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG