Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба сафари Раҳмонов ба Кобул


Султони Ҳамад

Дар Кобул пойтахти Афғонистон ҳайъати кории ҳукумати Тоҷикистон муташаккил, аз кормандони баландпояи давлатӣ барои омода сохтани заминаи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба Афғонистон, ки қарор аст ҳафтаи оянда сурат бигирад, ба кор шурӯъ кард.
Раҳбари ин гурӯҳ муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Салоҳиддин Насриддинов ҳангоми сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сафари қарибулвқӯъи раиси ҷумҳури Тоҷикистонро барои инкишофи равобити ҷонибайн муҳим арзёбӣ карда, гуфт: "Ин аввалин сафари раиси ҷумҳур ба Афғонистон баъди ташкили ҳукумати ҷадиди Афғонистон, аст. Дар ҷараёни сафар як қатор санадҳо дар самтҳои гуногуни равобити байни ин ду кишвар ба имзо мерасад, ки ҳамкориҳоро ба сатҳи баландтар мебардорад. Масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, амният дар минтақа, мубориза алайҳи терроризм ва махсусан ширкати Тоҷикистон дар бозсозии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт."
Агарчӣ ин нахустин сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Афғонистон мебошад, вале Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳайси раҳбари Тоҷикистон қабл аз ин се маротибаи дигар ба Афғонистон сафар доштааст. Бори аввал ба Кобул соли 1994 барои озод кардани сарбозони рус, ки дар зиндонҳои ин кишвар маҳбус буданд, омадааст. Инчунин дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ду мулоқоти муҳимро бо роҳбари мухолифони ҳукуматаш Сайид Абдуллоҳи Нурӣ солҳои 1995-1996 бо миёнҷигарии роҳбарони ҳамонвақтаи Афғонистон, ки мунҷар ба сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон шудааст, дар ҳамин кишвар анҷом додаст.
Султони Ҳамад, Кобул
XS
SM
MD
LG