Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Kӯмаки USTDA ба вазорати энержии Тоҷикистон


Оҷонси амрикоии тиҷорат ва рушд барои бозсозии зербинои нерӯгоҳҳои барқи обии Варзоб ва Қайроқум ҳудуди 415 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо мекунад. Дар ин маврид 21 апрел дар Душанбе миёни вазорати энержии Тоҷикистон ва сафорати Амрико дар ин кишвар як қарордод ба имзо расид. Ричард Ҳоугленд, сафири Амрико дар Тоҷикистон баъд аз имзои қарордод ба Радиои Озодӣ гуфт, 415 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмаки бебозгашт аст, ки дар ихтиёри вазорати энержии Тоҷикистон гузошта мешавад.
Вай афзуд, ин маблағ ба хотири афзоиши мизони тавлиди нерӯи барқ ва таъмини рушди иқтисодӣ дар ин кишвар ҷудо шудааст: "Ҳадаф мусоидат дар бозсозии бархе аз иншооти оби барқӣ, ба таври мушаххас нерӯгоҳҳои Варзоб ва Қайроқум аст."
Ҷӯрабек Нурмаҳмадов - вазири энержии Тоҷикистон гуфт, ин вазоратхона қасд дорад, дар оянда низ ҳамкории худро бо Оҷонси амрикоии тиҷорат ва рушд идома диҳад. Вай афзуд, аз ибтидои фаъолият то кунун нерӯгоҳи Варзоб таҷдиду бозсозӣ нашудааст.
Оҷонси амрикоии тиҷорат ва рушд дар кишварҳои дар ҳоли рушд фаъолият мекунад ва дар Тоҷикистон аз моҳи апрели имсол ба кор оғоз кардааст. Ихтисоси маблағ ҷиҳати бозсозии нерӯгоҳҳои Варзоб ва Қайроқум аввалин гоми он дар ростои ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон аст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG