Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав боздошти Насруллоевро қонунӣ мешуморад


Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав боздошти Ҳабибулло Насруллоев, собиқ раиси идораи "Тоҷикматлубот"-и Тоҷикистонро қонунӣ эътироф кард, вале вакили додгоҳии вай Анна Савитская пас аз анҷоми мурофиа ба хабарнигорон гуфт, Насруллоев ғайриқонунӣ дар зиндон нигоҳ дошта мешавад ва истирдоди вай ба Тоҷикистон ҳам имкон надорад, ба ин далел ки дар қиболи вай ҳанӯз айбнома эълом накардаанд ва ҳам на ҳама шикоятҳои вай баррасӣ шудааст.
Қаблан додгоҳи ноҳияи Пресненскийи Маскав, дар ҳамоҳангӣ бо хадамоти федералии муҳоҷират, ба Насруллоев додани мақоми паноҳанда дар Русияро рад кард. Анна Савитская эълом кард, аз қарори додгоҳи Твер ба додгоҳи болоӣ шикоят мекунад ва талош хоҳад кард, то Насруллоев дар Русия мақоми паноҳандагӣ дарёфт намояд.
Ба гуфтаи мақомоти Русия, тибқи қонуни паноҳандагии ин кишвар нафаре, ки паноҳандагии ин кишварро дарёфт карда бошад, ба кишвари талабкор таслим дода намешавад.
Дар ҳамин ҳол, сарнавишти паноҳандаи дигари тоҷик Муҳаммадрӯзӣ Искандаров номаълум боқӣ мемонад. Додситони Маскав Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, райиси Ҳизби Демократи Тоҷикистонро рӯзи 4 апрел аз зиндони муваққати чормоҳа озод кард ва аммо шаби 15 апрел Искандаров ба таври мармуз аз макони зисти худ ғойиб шуд ва сарнавишти вай то ҳол маълум нест.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG