Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва ҳаводиси пурмоҷарои Қирғизистон


Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солона ба Маҷлиси Олии кишвар идомаи равобити дуҷониба бо Русия, Амрико, Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказиро аз самтҳои умдаи сиёсати хориҷаи давлаташ унвон кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар нахустин иҷлоси муштараки ҳайати ҷадиди ҳарду палатаи порлумон суханронӣ мекард, гуфт, Русия ба унвони шарики стратегии Тоҷикистон дар соли гузашта бо пешниҳод ва таъйиди тарҳҳои ниҳоят муҳими иқтисодӣ тавонист мавқеъи худро дар минтақа устувор кунад.

Эмомалӣ Раҳмонов бо ёдоварӣ аз сафари расмии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта гуфт, бисёр масоили ҳалношуда миёни ин кишвар, минҷумла вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик, масъалаи таъсиси пойгоҳи низомии Русия ва аз марзбонони рус ба ихтиёри ҳамтоёни тоҷики онҳо гузаштани масъулияти ҳифзи марз бо Афғонистон роҳи ҳалли худро пайдо кард.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, Тоҷикистон дар шароити раванди ҷаҳонишавӣ дар мубориза бо хатароти ношӣ аз терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ҳамоно ба кӯмак ва дастгирии ҷомиаи байналмилалӣ ниёз дорад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар иртибот ба ҳаводиси ахири рухдода дар Қирғизистон гуфт, ин таҳаввулот боиси нигаронии давлатҳои Осиёи Марказӣ шудааст. Ба ақидаи оқои Раҳмонов, "рӯйдодҳои Қирғизистон нафақат ба вазъи дохилии он кишвар, балки дар маҷмӯъ ба суботу амният ва фазои бе ин ҳам костаи сармоягузорӣ дар ҳама минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир хоҳад гузошт."

Эмомалӣ Раҳмонов дар идомаи гузоришаш аз кишварҳои абарқудрати олам даъват кард, минтақаи Осиёи Марказиро ба майдони рақобат ва баҳрабардорӣ табдил надиҳанд. Вай гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад саҳнаи баҳамоии абарқудратҳои олам бишаванд.

Дар робита ба ба нақш ва мақоми созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, давлат барои фаъолияти муаасири онҳо дар қаламрави кишвар шароити мусоид фароҳам сохтааст. Вале, гуфт раисиҷумҳури Тоҷикистон, фаъолияти ин созмонҳо барои мардуми кишвар бояд ошкор ва рӯшан бошад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳангоми натиҷагирӣ аз иҷроиши сиёсати дохилии давлат баргузории маъракаи интихоботи Маҷлиси Намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллӣ дар соли ҷориро аз дастовардҳои муҳими ҳаёти сиёсии кишвар унвон карда гуфт, мавҷудияти парлумони думаҷлиса дар панҷ соли пеш собит кардаааст, фаъолияти шохаҳои ҳокимият дар кишвар бар пояи усул ва низоми демократӣ пеш меравад.

Эмомалӣ Раҳмонов коҳиши марҳала ба марҳалаи сатҳи камбизотӣ, рафъи ришва ва фасод ва афзудани маошу нафақа ба шаҳрвандони кишварашро аз вазоифи муҳими ҳукумат талаққӣ кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ба манзури беҳдошти зиндагии бознишастагон маоши онҳоро аз моҳи май ва ҳамчунин маблағи идрори донишҷӯёни маотиби олиро аз оғози соли нави хониш сад фоиз афзоиш хоҳад дод.

Ба манзури густариши риштаи фарҳанг ва инъикоси дастовардҳои фарҳангӣ, афзуд раисиҷумҳур, як шабакаи телевизионии саросарӣ то охири соли равон ба пахши барномаҳо шурӯъ хоҳад кард.

Паёми солонаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле ироа мешуд, ки нируҳои амниятӣ ва интизомии пойтахт бино ва ҷодаҳои ба самти бинои Маҷлиси Олиро таҳти назорати шадид қарор дода буданд. Ҳамчунин ба қарори Маҷлиси Олӣ ҷиҳати пахши мустақими паёми солонаи раисиҷумҳур аз тариқи Садо ва Симо бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонов тағйирот ворид шуда ва эълом шуд, ки ин паём ин навбат дар барномаҳои шомгоҳии Садо ва Симо интишор мешавад.
XS
SM
MD
LG