Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмонов ба порлумони Тоҷикистон


Рӯзи шанбе, 16 апрел президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар иҷлосияи муштараки порлумони кишвар паёми солонаашро ба ҳар ду Маҷлиси Миллӣ ва Намояндагон ироа кард ва ин нахустин паёми оқои Раҳмонов ба ҳайъати нави порлумони кишвар ва ҳам нахустин паёми ӯ дар пайи рӯйдодҳои Қирғизистон буд, ки таври маълум бо табдили қудрат дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон анҷом шуд.

Оқои Раҳмонов дар суханрониаш гуфт, табдили қудрат дар Қирғизистон мояи нигаронии онҳост ва он ҳаводис ба суботу амният ва фазои сармоягузорӣ дар ҳама минтақаи Осиёи Марказӣ бетаъсир нахоҳад монд. Ӯ афзуд, равобити Тоҷикистону Русия бо ҳалл шудани масъалаи пойгоҳи низомии Русия ва масоили муҳоҷират ба як марҳалаи нав ворид шудааст. Дар ин робита президенти Тоҷикистон ба ваъдаи 2 миллиард доллар сармояи русӣ ба иқтисоди кишвараш дар 5 соли оянда таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, то соли 2010 мушкили таъмини мардум бо нируи барқ дар фасли сармо ҳал хоҳад шуд. Ӯ зимнан ба шаффофияти бештари фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ дар кишвараш даъват кард. Оқои Раҳмонов ҳамчунин гуфт, қарор аст то охири сол шабакаи дуввуми телевизиони сартосарӣ дар Тоҷикистон ба пахши барномаҳояш шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG