Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи муҳокимаи як афсари вазорати амният


Додгоҳи вилояти Суғд 15 апрел ба муҳокимаи Даврон Ҷабборов - корманди собиқи вазорати амнияти Тоҷикистон дар ин вилоятро, ки ба узвият дар "Ҳизб-Ут-Таҳрир" ва дузанагӣ муттаҳам мешавад, шурӯъ кард. Даврон Ҷабборов дар соли 1995 дар бахши мубориза алайҳи терроризми раёсати вазорати амнияти Тоҷикистон дар вилояти Суғд адои вазифа карда, баъди як иштибоҳ аз истифодаи силоҳ дар соли 1998, ки марги яке аз ҳампешагонашро ба думбол доштааст, аз сафи ин мақомот ронда шудааст.
Даврон Ҷабборов дар рӯзи аввали мурофиа изҳор дошт, ки соли 2000 - ум узвияти "Ҳизб-Ут-Таҳрир"-ро пазируфта ва то замони боздошташ дар ин ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯъ фаъолият доштааст. Ҳамчунин, ӯ зимни мурофиа иттиҳоми дузанагиро эътироф намуд. Воқеан дар мурофиа ҳар ду завҷаи ӯ ба сифати шоҳид ҳузур доштанд.
Афсари собиқи ниҳоди амниятии Суғд дар посух ба саволи раиси мурофиа, гуфт, ки дар муддати панҷ соли фаъолият дар ин Ҳизби Таҳрир чандин нафарро ба ин ҳаракат ворид сохтааст. Вай, аз ҷумла, дар мавриди хазинаи молии "Ҳизб-Ут-Таҳрир" гуфт, ки он аз ҳаққулузвияти аъзои ҳаракати ин таҳрир маблағҳои хайрия ҷамъ оварда мешавад ва афзуд: "Вақти вазнин шудани вазъи молии мо аз бахшҳои "Ҳизб-Ут-Таҳрир"- и Ӯзбакистону Қирғизистон ёрдам мерасид."
Даврон Ҷабборов баъди ҷустуҷӯи зиёд поёни соли гузашта дастгир карда шудааст. Додситонии вилояти Суғд ӯро мувофиқи панҷ банди асноди ҷиноии Тоҷикистон айбдор меҳисобад - барои таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ, даъват барои барҳам задани низоми қонунии кишвар ва барангезиши кинаву адовати милливу мазҳабӣ дар заминаи фаъолият дар "Ҳизб-Ут-Таҳрир" ва дузанагӣ. Даврон Ҷабборов ҳарчанд мансубияти худ ба "Ҳизб-Ут-Таҳрир", паҳн кардани варақаҳои тарғиботии ҳаракат ва дузанагиашро ошкоро дар додгоҳ эътироф намуд, аммо изҳор дошт, ки иттиҳоми дигарро алайҳи худ намепазирад. Тайи солҳои ахир 3 корманди амниятии Суғд аз ҷониби додгоҳи вилоят бо ҷурми фаъолият дар "Ҳизб-Ут-Таҳрир" ба зиндон кашида шудаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG