Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайдо шуду пайдо шуд... таронаҳои гумгаштаи Аҳмад Зоҳир


Онҳое, ки бо ифтихор мегӯянд, сабти ҳама таронаҳои Аҳмад Зоҳирро дар ихтиёр доранд, иштибоҳ мекунанд, аз нигоҳи муҳақиқиқони мусиқӣ, теъдоди таронаҳои офаридаи овозхони маъруфи Афғонистон аз пиндор хело бештар аст. Ҳамкори мо Султони Ҳамад, ки низ аз муҳақиқони осори Аҳмад Зоҳир аст, дар Кобул бо фарде вохӯрд, ки чандин таронаи то ҳол номаълуми овозхони машҳурро кашф кардааст. Бархе аз ин таронаҳо солҳои барҳаёт будани Аҳмад Зоҳир ҳамагӣ чанд бор дар радиои Афғонистон садо додаанду халос. Ва аммо таронаи "Чун саҳар равшан чароғи зиндагӣ" бори аввал аз тариқи радио ва он ҳам аз тариқи маҷаллаи "Ганҷина"-и Радиои Озодӣ садо медиҳад.

Агар онро шунидан мехоҳед, ин хатти сабзро нарм-нармак ангушт занед.
XS
SM
MD
LG