Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири маориф шахсан мухолифи донишҷӯёни дарвеш аст


Вазири нави маориф Абдуҷаббор Раҳмонов бо як гурӯҳи махсус аз ҷумлаи кормандони вазорат баъзе дарсҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишгоҳои политехникии кишвар ширкат намуда, дар баробари тарзу сифати таълим аз баъзе рафтори донишҷӯён, сарулибос ва ба вижа нисбати бе китобу дафтар ва ё ҷузвдон ба дарс омадани онҳо норозӣ шудааст.
Муовини раҳбари Донишгоҳи омӯзгорӣ Сахидод Хоркашов мегӯяд, ин барои аввалин бор аст, ки худи вазири маориф барои огоҳ шудан аз ҳоли донишҷӯёну донишгоҳҳо ба макотиби олӣ ташриф меорад: «Аслан ҳар вазир, ҳар нафаре ки дар корхонае сарвар мешавад,вазифааш аз он иборат аст,ки муассисаҳои зери назари худро хабар гирад. Бо мақсади ошнои аз ин муассиса ба унвони вазири маориф ба ин ҷо ташриф оварданд, аз ҳолу аҳволи донишҷӯён,аз биноҳои таълимии донишгоҳ хабар гирифтанд.»
Баъд аз ин тафтиш вазири маориф фармон дод, ки мақомоти донишгоҳҳо вазифадоранд, ки аз донишҷуён талаб кунанд, дар ҳар як дарс дафтару ручка ва лексияҳои гуфтаи муаллим ё умуман ҳама лавозимоти барои донишомӯз заруриро дошта бошанд. Ва аллакай дар аксари факултаҳои Донишгоҳи миллӣ донишҷуёне, ки ин қоидаҳоро риоя намекунад, ҷазо мегиранд.
Ноиби декани факултаи филологияи ин донишгоҳ Маҳмадалишоҳ Мусофиршоев мегӯяд, донишҷӯе, ки дафтару қалам надорад ва дар дарс наменависад, ҳамчун шахси ғоиб қайд карда мешавад: «Масалан, агар донишҷуёни мо бе китоб, бе дафтар бе ҳамун воситаҳои таълим ҳозир шаванд, мо онҳоро ба дарс намемонем, зеро иштирок дар дарси онҳо ба онҳо ҳеҷ фоида намерасонанд, зеро онҳо агар гӯш ҳам кунанд, аз дарс баромада ҳамун чиза фаромӯш мекунанд, то як ҷо сабт накунанд.»
Ба гуфтаи ӯ аксари донишҷӯёни имрӯза бо мақсади дониш гирифтан, соҳиби маълумоти олӣ гаштан ба донишгоҳ намеоянд, балки ҳадафи аслии онҳо ба даст овардани диплом асту бас, ба донишгоҳ омада мераванд, бинобар ин онҳоро ба таври иҷборӣ бояд ба дарс хондан водор сохт,
Аммо донишҷӯён аз ин низоми маҷбурӣ дар дарсҳо норозигӣ мекунанд ва ба ақидаи бархе аз онҳо ин низом наметавонад, ба боло бурдани сатҳи саводи донишҷӯён мусоидат намояд. Онҳо мегӯянд, ҳама чиз ба дараҷаи масъулиятшиносии худи донишҷӯ вобастааст.
Ҳуқуқшиноси тоҷик Қаюм Юсуфов мегӯяд иҷборан ба дарсомузӣ водор сохтани донишҷӯён ва тафтиши маҷбурии дафтари онҳо кори ғайриқнонунӣ аст, зеро «мувофиқи қонунҳои ҶумҳурииТоҷикистон, аз ҷумла мувофиқи сарқонун озодии шахс дахолатнопазир аст ва шахсонро маҷбур кардан хилофи озодии донишҷӯ мебошад."
Зарангези Наврӯзшоҳ
XS
SM
MD
LG