Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Попи Рум, озодии матбуот аз назари нашрияи "Ҷумҳурият"


Даргузашти раҳбари католикҳои дунё Иоан Павели дуввум дар нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе бозтоби густурдае пайдо кардааст. Ҳафтаномаи «Азия Плюс» бо нашри аксҳои мухталифи давраи раҳбарии Иоан Павели дуввум аз ӯ ба унвони Иоан Павели бузург ёд кардааст. Аз ҷумла «Азия Плюс» бо қадрдонӣ аз хидматҳои Иоан Павели дуввум дар шаклгирии низоми нави сиёсӣ дар ҷаҳон навиштааст, ки талошҳои ӯ дар роҳи раҳоии зодгоҳаш Лаҳистон аз низоми коммунистӣ муассир буданд ва дар пайи ин талошҳо заминаи рахнаи нуфузи Амрико ба ин кишвар ва ба дунболи он шароити суқути низоми коммунистӣ дар саросари Аврупо фароҳам омад.

Нашрия афзудааст, ки Попи Рум аввалин мақоми баландпояи католикҳои ҷаҳон буд, ки соли 1989 дар қароргоҳи худ раиси ҷумҳури Иттиҳоди Шӯравии собиқ Михаил Горбачевро пазируфт ва бо ӯ мулоқот кард. «Наҷот» - нашрияи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз ирсоли паёми тасаллияти раҳбарияти ин ҳизб унвонии Вотикон хабар додааст. Ҳафтанома зимни интишори таъзияи расмии раҳбарияти ин ҳизб дар робита ба фавти Попи Рум Иоҳан Павели дуввум хидматҳои вайро дар баҳамоии адёни мухталиф ва роҳандозии гуфтӯгу миёни тамаддунҳо пурарзиш арзёбӣ намудааст. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон изҳори умедворӣ намудааст, ки бо интихоби раҳбари ҷадиди католикҳо роҳу равиши пешгирифтаи Иоан Павели дуввум идома ёбад.

«Ҷумҳурият», нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар матлабе бо номи «Озодии матбуот ва номуси ватандорӣ" аз фаъолияти расонаҳои гурӯҳии мустақил ва ғайридавлатӣ дар кишвар интиқод намуда, онҳоро ба надоштани он чӣ, ки «Ҷумҳурият» мавқеъи нодурусти сиёсӣ хондааст, гунаҳгор сохтааст. Ба эътиқоди муаллифи «Озодии матбуот ва номуси ватандорӣ" вазъи матбуоти хусусии Тоҷикистон носолим ба назар мерасад. Бештари онҳо меафзояд нашрияи «Ҷумҳурият», бо пайгирӣ аз ҳадафҳои мухолиф бо манофеъи миллии кишвар ҷомеаи Тоҷикистонро як ҷомеаи норозӣ аз давлат нишон додан мехоҳанд ва сиёсати ҳукуматро дар самтҳои мухталиф номуассир муаррифӣ менамоянд.
XS
SM
MD
LG