Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши маргумири модару кӯдак дар вилояти Суғд


Ба иттилоъи идораи тандурустии вилояти Суғд, фавти кӯдакони то яксола дар ин минтақа тайи як соли ахир афзоиш ёфтааст. Муовини раиси идораи тандурустии Суғд Шарафнисо Очилова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар давоми панҷ соли ахир ҳамасола дар вилоят ҳудуди 47 ҳазор кӯдак ба дунё меояд, аммо теъдоде аз онҳо бо ҷисми беҷон ва ё умри хеле кӯтоҳ: «Дар соли 2003 аз ҳазор кӯдак 21 тан фавтида буданд. Дар соли 2004 бошад, 24 кӯдаки мурда аз ҳар ҳазор нафари навзодон ба қайд гирифта шудааст. Ин шумораи муриши кудакон то таваллуд, ҳангоми зоиш ва то ҳафтрӯзагии онҳо аст.»
Пизишкони вилояти Суғд сабаби аслии афзоиши маргумири навзодонро ба сустии саломатии модарони ҳомила ва бо таҷҳизоти тиббии ҳозирзамон ва дорувор таъмин набудани зоишгоҳҳои вилоят вобаста медонанд. «Модари бемор тифли носолим ва ё беҷонро ба дунё меорад», мегӯяд Шарафнисо Очилова - муовини раиси идораи тандурустии вилояти Суғд оид ба ҳифзи модару кӯдак ва меафзояд:
«Ин асосан ба сабаби бемориҳои занона ва ҷинсии модарони ҳомила вобаста аст. Сабаби дуюм, сатҳи хадамоти тиббӣ дар маслиҳатгоҳ ва дармонгоҳу беморхонаҳо, махсусан дар манотиқи деҳот хеле паст аст. Инчунин, сатҳи касбии аксари кормандони тиббӣ, махсусан – дар навоҳии Ғончӣ, Ашт, Панҷакент, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров.»
ХонумиОчилова афзуд, идораи тандурустии Суғд, ба хотири коҳиши маргумири кӯдакон ва ҳифзи сиҳати занони ҳомила ва қобили таваллуд барномаи вижаеро татбиқ мекунад: «Ба он ноҳияҳое, ки фавти кӯдакон зиёд аст, мутахассисони маркази вилоят фиристода шуда, ҳамроҳи табибони маҳаллӣ дар самти ҳифзи сиҳати занони қобили таваллуд ва ҳомила кор мебаранд. Инчунин, барои боло бурдани савияи кормандони тиб ва аҳолӣ дар мавзӯъҳои танзими оила ва солимии он семинарҳо ва дарсҳои таълимӣ гузаронида истодаем.»
Ҳамчунин, идораи тандурустии Суғд бо кӯмаки созмонҳои хайрияи байналмилалӣ, ба мисли Бунйодҳои нуфус ва кӯдаки СММ, ташкилоти тиббии амрикоии "Умед" тифлон, занони қобили таваллуд ва ҳомила ва таваллудхонаҳои Суғд бо доруву дармон ва таҷҳизот ёрӣ мерасонад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG