Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани гирифтори ВИЧ дар Тоҷикистон кӯдак таввалуд кардааст


Оҷонсии Рушди Байналмилалии Иёлоти муттаҳидаи Амрико ё USAID ҷиҳати ҷилавгирӣ аз бемории ВИЧ/СПИД дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 13 миллион доллар ихтисос додааст. Коршиносон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои беҳдоштии Тоҷикистон рӯзи 5 апрел дар Душанбе зимни як нишаст барномаи ҷадидеро бо номи «Компитентас», ки барои солҳои 2005-2009 пешбинӣ шудааст, баррасӣ намуданд.

Лев Хадакевич - сардори бахши минтақавии барномаи "Компитентас" дар робита ба фаъолияти барномаи мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи ин барнома миёни ҷавонони мӯътод, маҳбусон ва занони танфурӯш корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии ин мараз бурда хоҳад шуд.

Лев Хадакевич гуфт: "Яке аз самтҳои кори мо омӯзиши мутахассисони тоҷик оид ба пешгирӣ аз СПИД дар Тоҷикистон мебошад. Мутахассисон дар чаҳорчӯбаи барнома корҳои огоҳнамоӣ бо гурӯҳҳои хатар ба монанди мӯътодону танфурӯшон хоҳанд бурд." Ҷаноби Хадакевич ҳамчунин афзуд, яке аз мушкилоте, ки ҳанӯз дар Тоҷикистон мубрам аст, ин гирифтории маризони ВИЧ ба бемории сил мебошад. Вай мегӯяд, ба миён овардани як пул, ё ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои беҳдоштӣ оид ба бемории сил ва СПИД низ яке аз вазифаҳои асосии ин барнома мебошад.

Зӯҳро Нуралишоева, пизишки амрози сироятӣ, корманди Маркази ҷумҳуриявии мубориза алайҳи СПИД аз афзоиши сареъи шумори беморони ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард: "Аз 317 гирифтори вируси ВИЧ/ СПИД 25 онҳое мебошанд, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироят гирифтаанд ва боқӣ мӯътодонанд, ки бо роҳи сӯзандору гирифтори ин беморӣ шудаанд. Се нафар зани олудаи вируси ВИЧ кӯдак ба дунё овардаанд, ки ҳанӯз мо гуфта наметавонем, ин кӯдакон сироят ёфтаанд, ё не, чунки асбоби муайянкунандаи онро надорем."

Ҳабибулло Орифов - сардори Маркази мубориза бо СПИД-и вилояти Суғд мегӯяд, дар ин вилоят 145 гирифтори ин вирус ба қайд гирифта шудааст ва 45 нафари онҳо занон мебошанд. Аммо ба гуфтаи ӯ арқоми расмӣ воқеияти ҳолро нишон намедиҳанд. Ҷаноби Орифов афзуд: "Чунин як зан дар вилояти Суғд таваллуд кард. Мо аз роҳи ҷарроҳӣ кӯдакро аз батни зан гирифтем, ҳама кори лозимаро анҷом додем ва ҳоло кӯдак семоҳа аст. Қарор аст, ин кӯдак аз тест гузаронда шавад."

Бар асоси маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД дар соли 2004 317 нафар гирифторони вируси ВИЧ/ СПИД дар Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шудааст. Дар се моҳи соли равон 40 мубталои дигари ин маризӣ дар саросари кишвар ошкор карда шудааст. То имрӯз аз миёни гирифторони ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон даҳ нафар ба бемории сил печида фавтидаанд.
XS
SM
MD
LG