Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ барои маҳви хатари партобгоҳҳои ҳастаӣ


Вазорати умури хориҷа ва ё департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ташхисгоҳи миллии Ливермори Донишгоҳи Калифорнияи ин кишвар омодагии худро ҷиҳати кӯмак барои безараргардонии партовгоҳҳои радиатсионии корхонаи давлатии «Фулузоти нодири Шарқ» ва ё «Востокредмет», воқеъ дар шимоли Тоҷикистон изҳор доштаанд.
Ба гуфтаи масъулини корхонаи « Востокредмет», дар даҳ қабристони радиатсионии ин корхона, ки дар замони шӯравӣ ба коркарди уран ихтисос дошт, воқеъ дар шаҳрҳои Чкалову Хуҷанд, Табошару Адрасмон ва мавзеъи Деҳмой дар масоҳати беш аз 170 гектар тақрибан 50 миллион тонна боқимондаҳои радиоактивӣ наздик ба ҷойҳои маскунӣ ва захоири обӣ нуҳуфтааст, ки барои вазъи зистмуҳити минтақа хатарангез арзёбӣ мешавад.
Леонид Павлюк - сарвари шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти «Востокредмет» гуфт, ин мутахассисони ин корхона ва ташхисгоҳи Ливермол созишномаеро дар мавриди безараргардонии партовгоҳҳои радиатсионии Суғд омода кардаанд, ки дар ҳоли ба имзорасист.
Ин созишнома дар навбати аввал безарарсозии партовгоҳҳои Деҳмой ва Табошарро дар назар доштааст.
Оқои Павлюк ҳадафи аслии барномаи безараргардониро коҳиши хатари партовгоҳҳои радиатсионӣ барои аҳолӣ ва ҳифзи зистмуҳити минтақа арзёбӣ кард. Вай афзуд, ахиран як ҳайъат аз ташхисгоҳи Ливермоли Амрико ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи партовгоҳҳои радиатсионии корхонаи «Востокредмет» ба вилояти Суғд сафар кард. Леонид Павлюк дар афзуд: «Мо зимни боздиди партовгоҳҳо дидем, ки баъзе аз сокинони маҳал пораҳои фулузоти рангаро аз даруни партовгоҳи радиатсионӣ берун меоваранд, то ки истифода ё тиҷорат кунанд.»
Масъулини корхонаи давлатии «Востокредмет» мегӯянд, дар мавзеъи Деҳмой, канори Хуҷанд ва дукилометрии рӯди Сир ва Табошар, дар масоҳати тақрибан дусад гектар даҳҳо миллион тонна боқимондаи радиактивӣ зери осмони кушод хобидааст, ки барои безараргардонии онҳо беш аз 25 миллион доллар зарур аст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG