«Ҷаҳон» як студияи радио ва телевизиони ғайридавлатии Тоҷикистон бо гузашти чаҳор сол аз замони қайди давлатӣ дар вазорати адлияи кишвар натавонистааст, муҷаввиз ё литсензияи фаъолият ва пахши барномаро дарёфт кунад. Зафар Қурбонов - раиси ин студияи ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулини Комиссиюни литсензионии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба муроҷиати мукаррари ӯ ҷиҳати дарёфти иҷозаи фаъолият тайи ин муддат кадом посухи расмӣ ирсол надошта ва бад-ин минвол ҳеҷ ниҳоди давлатӣ ва Маҷлиси Намояндагон низ дар роҳи рафъи мушкилоти ӯ мусоидат накардаанд.
Оқои Қурбонов афзуд, дар номаҳои ҷавобӣ аз сӯи Кумитаи телевизион ва радио то ин муддат фақат ин нукта ишора шудааст, ки муроҷиати шумо дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Вале афзуд оқои Қурбонов, дар сӯҳбатҳои ғайрирасмӣ таваҷҷӯҳи масъулин умдатан ба манобеи молӣ ва таҷҳизоти фаннии студияи ӯ нигаронида шудааст.
Аммо Баракатулло Абулфайзов - сардори бозрасии давлатии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва яке аз аъзои Комиссиюни лисензионӣ гуфт, баъд аз он ки бо дастури раиси кумита ҳамаи асноди ҳуқуқии расонаҳои электронии давлатӣ ва ғайридавлатии фаъол ва ҳамчунин онҳое, ки мехоҳанд, ба фаъолият бипардозанд, ба ихтиёри идораи онҳо гузашт номи студияи "Ҷаҳон" зикр нашудааст.
Нуриддин Қаршибоев - раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, мушкилот ва монеа дар амри дарёфти муҷаввиз барои расонаҳои савтиву тасвирӣ махсус эҷод мешавад. Оқои Қаршибоев беш аз аз як сол бидуни баррасӣ гузоштани лоиҳаи низомномаи фаъолияти Комиссиюни лисензионӣ аз сӯи ҳукуматро ҷилавгирӣ аз фаъолияти шабакаҳои хабари мустақил арзёбӣ кард. Оқои Қаршибоев мегӯяд, таъхири таъйиди низомнома дар як соли ахир ба интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурии кишвар иртибот дорад ва мақомот бо ин васила мехоҳанд, ҳадди ақал дар ҳамин марҳалаи муайян фазои иттилоотии кишвар зери назорат ва ҳама манбаи иттилоърасонӣ идорашаванда бошад.
Аммо бо ин вуҷуд Зафар Қурбонов, раиси студияи радио ва телевизиони ғайридавлатии "Ҷаҳон" мегӯяд, умеди худро ҷиҳати дарёфти муҷаввиз аз даст надодааст ва бо рӯи кор омадан нафари дигар дар мақоми раёсати Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дигарбора асноди студияашро пешниҳод хоҳад кард.