Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аскар Оқоев гуфт, ба истеъфо намеравад


Дафтари матбуоти ҳукумати Русия бо интишори хабаре гуфтааст, Аскар Оқоев, раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон феълан дар яке аз осоишгоҳҳои ҳошияи Маскав, дар Русия ба сар мебарад ва маҳз бо хоҳиши Аскар Оқоев ба ӯ имкони омадан ба ин кишвар дода шуд.
Мақомоти Русия дар ҳоле, ки ба раиси ҷумҳури фирории Қирғизистон паноҳгоҳ додаанд, ҳамзамон омодагии худро барои ҳамкорӣ бо мақомоти ҷадиди ин кишвар эълом карданд. Владимир Путин ба ҳукумати Русия дастур дод, барномаи кӯмакҳои фаврии худро ба Қирғизистон мушаххас намояд. Вай гуфт, онҳое, ки акнун вазъро дар Қирғизистон таҳти назорат доранд, аз Русия хостори кӯмак шудаанд ва бо дарназардошти муносиботи вижаи Русия бо Қирғизистон ба он кӯмак бояд кард.
Гуфта мешавад, Аскар Оқоев пас аз хуруҷи ҷонибдорони мухолифин панҷшанбеи ахир Бишкекро тарк кард ва баъд аз чанд рӯзи сукунат дар Қазоқистон вориди Маскав гардид. Аскар Оқоев рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бо радиои "Эхо Москвы" гуфт, нияти истеъфо аз мақоми раиси ҷумҳурро надорад. Вай гуфт: "Худро раиси ҷумҳурии қонунии аз сӯи мардум интихобшуда меҳисобам. Замони президентии ман 30-уми октябри соли 2005 ба поён мерасад. Ман ҳоло истеъфо надодаам."
Аскар Оқоев қабл аз ин мусоҳиба таҳаввулоти ахири кишварашро кудато арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ғайбати вай аз Қирғизистон муваққатист.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG