Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози театрҳои Тоҷикистон ҳамроҳи "Парасту"


Ҳафтаи дувввум аст, ки дар театри русии Маяковский, театрҳои Лӯхтак, Ҷавонон ва Лоҳутӣ аншлаг ҳукмфармост! Театрҳои Тоҷикистон лабрези одаманд ва афроде, ки вориди толор мешаванд, рашки садҳо нафари дигарро бармеангезанд, ки пушти дарҳои баста мондаанд! Дар Душанбе озмун-фестивали "Парасту" идома дорад. Дар Душанбе театрҳои касбии кишвар эҳё мегарданд!

Рӯзи сешанбеи 29 март барои олами ҳунари Тоҷикистон рӯзи хотирмон гардид. Дар ин рӯз Фаррух Қосимов коргардони барҷастаи тоҷик пас аз танаффуси 6 сола намоишномаи «Фоҷиаи Фаридун»-ро аз рӯи асари безаволи "Шоҳнома"- и Фирдавсии Тӯсӣ рӯи саҳна овард.

Ва аммо то ин рӯз ҳам ба таъбири Раҷабмад Амиров, вазири фарҳанги кишвар дар ҳаёти ҳунарии Тоҷикистон як зумра навовариҳои театрӣ ба чашм хӯрданд. Раҷабмад Амиров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, озмуни "Парасту"- и имсола аз фестивалҳои қаблӣ бо ду ҷиҳат фарқ дошт:

«Имсол мавзӯъи асарҳое, ки ба озмун омадаанд, озод буд ва аз ҷониби дигар мо зарур шуморидем, ки ба гурӯҳи ташаббускорон ва ҳаводорони санъати театрӣ майдони фаррохи эҷодӣ вогузорем, зеро гурӯҳҳои ташаббускор пайдо шуданд, ки мехостанд, бо намоишномаҳои худ дар озмун ширкат кунанд ва мо ба онҳо иҷозат додем.»

Театрҳое, ки рӯ ба нестӣ ниҳода буданд, акнун эҳё шудаанд ва дар озмун ҳам ширкат доранд. Театри Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кулоб, ки ду сол боз аст, саҳна ва бино надорад, намоишномаеро таҳти унвони «Қиссаи маъмул» -и Марина Ладои укроин бо тақвияти қиссаҳои Сайид Амир Алии Ҳамадонӣ, ки омезиши ирфони ғарбу шарқ - аврупову осиёст ба саҳна гузошт.

Дар ин байн намоишномаи Фаррух Қосимов фоҷиаи «Шоҳ Фаридун» гавҳаре буд, дар нигини 12 намоишномаи дигар, ки толори театри Лоҳутии кишварро моломоли одам карда буд. Ва аммо санъатшиносон "Парасту"- и имсоларо на триумф, ё худ пирӯзии комили театри "Аҳорун"- и устод Қосимов, балки таҷҷалии ҳунари Хуҷанд муаррифӣ кардаанд. Зеро дар ин озмун театрҳои Камоли Хуҷандӣ, Конибодом, тамошобини навраси Суғд 4 намоиш ба саҳна гузоштанд ва сарпарасти намоишномаи «Тилисми Сайҳун»-и театри Лоҳутии Душанбе низ ҳукумати вилояти Суғд буд.

Театри «Нов» бошад, барои нахустин бор ба саҳнаи тоҷик ва озмуни "Парасту" намоишномаеро бо забони узбакӣ намоиш дод.
XS
SM
MD
LG