Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори занон дар Маҷлиси Миллӣ афзуд, вале ...


Дар палатаи болоии порлумони Тоҷикистон Маҷлиси Миллӣ, танҳо 3 зан соҳиби курсӣ шуданд. Ду нафарро вакилони маҷлисҳои вилоятиву ноҳиявӣ интихобӣ карданд ва як нафар бо фармони раиси ҷумҳур узви Маҷлиси Миллӣ таъйин шуд. Мавҷуда Бобоева - раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд барои бори дуввум аст, узви ин маҷлис таъйин мешавад. Дар интихоботи Маҷлиси Миллӣ танҳо номзадҳои Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ширкат намуд ва намояндагон танҳо аз рӯйхати ҳамин ҳизб пешбарӣ ва интихоб шудаанд.

Коршиносон бар инанд, ки се зан дар маҷлиси 33 нафарӣ нокифоя мебошад, зеро 54 дар сади аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Элмира Абдуллоева, намояндаи Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон дар робита ба ин ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ба фикри ман 3 нафар зан дар маҷлис кам аст. Ҳеҷ набошад, бояд 6 ё 7 нафар мешуданд."

Гуфтанист, дар Маҷлиси Миллии қаблӣ 1 нафар зан узвият дошт ва муовини раиси он буд. Коршиносон тахмин мезананд, ки дар Маҷлиси Миллии нави Тоҷикистон низ аз шумори ин занҳои вакил як нафар ба ҳайси муовини раис интихоб мешавад.
XS
SM
MD
LG