Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Тоҷикистон шоҳиди "барфи баҳорӣ" шуданд


Шаби якшанбе дар Тоҷикистон борон борида, тадриҷан ба барф мубаддал гашт ва сокинони Тоҷикистон шоҳиди дурустии пешгӯии ҳавошиносон ва падидаи мавсум ба "охирин нафаси зимистон" ва ё "нози табиат" шуданд.
Дар нимаҳои моҳи март маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон огоҳ карда буд, баъд аз иди Наврӯз дар кишвар барф хоҳад борид. Рӯзи 27-уми март ин пешгӯии онҳо амалӣ гардид. Дар рӯзҳои Наврӯз мардум ба гармии баҳор одат карда буданд ва ҳатто ҷавонону донишҷӯён бо либоси сабук ба кӯча мебаромаданд. Аммо табиат ба онҳо чунин ҳушдор дод. Ҳарчанд барф чандон зиёд наборид ва дар нимаи дуюми рӯзи якшанбе об шуд, сардии ҳаво шояд ба дарахтони мевагии пешпазаки Тоҷикистон таъсири бад расонда бошад.
Маркази обуҳавсанҷии Тоҷикистон ҳамчунин боз огоҳ мекунад, ки дар моҳи апрел низ сокинон шоҳиди бориши барф хоҳанд шуд.
Абдуқаюми Қаюмзод
XS
SM
MD
LG