Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Узбакистон ба воқеаҳои Қирғизистон


Вазорати умури хориҷаи Узбакистон зимни нашри як баёния хостори он шудааст, ки рӯйдодҳои ахири Қирғизистон, дар чаҳорчӯбаи қонун ва бар асоси Қонуни Асосии ин кишвар ҳал шавад. Дар баёния омадааст, "муҳим аст, ки аз хориҷ ба ин руйдодҳо мудохила сурат нагирад ва барои ҳалли қазия ба истифода аз нерӯ роҳ дода нашавад. Ҷонибҳои мухолиф музокироти сулҳҷӯёна анҷом диҳанд ва барои он яке ба дигар шарту шароит пешниҳод накунанд."
Эътилофи Нирӯҳои Демократии Қазоқистон бо раҳбарии Жармахон Туякбой зимни як паём аз тағйири ҳукумат дар Қирғизистон истиқбол кардааст. Дар паёми ин эътилоф гуфта мешавад: "Нирӯҳои демократии Қазоқистон пирӯзии озодиву демократия дар Қирғизистони бародарро табрик мегӯянд. Интихоботи ахири порлумон нишонгари густариши ришвахорӣ ва риоят нашудани қонун буд, ки дар натиҷа режими худкома ва хонаводаии Акаев зери фишор ва эътирозҳои мардум сарнагун шуд. Мо мутмаин ҳастем, ки инқилоби махмалӣ барои оғози равандҳои демократӣ замина фароҳам меорад ва барои ташкили давлати воқеан ҳуқуқбунёд кӯмак мекунад."
XS
SM
MD
LG