Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андешаҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон доир ба ҳодисаҳои Қирғизистон ва таъсири ин ҳаводис ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ


Тазоҳуроти зиддиҳукуматии Қирғизистон баъди интихоботи парламентии ин ҷумҳурӣ сар заданд. Маъракаи интихоботии Қирғизистон ва хилофкориҳои раванди овоздиҳии ин кишварро нозирони байналмилалӣ ҳам танқид кардаанд. Дар солҳои муқовимати шаҳрвандии Тоҷикистон Ҷумҳурии Қирғизистон ҳазорҳо фирории тоҷикистониро қабул намуд ва мансабдорони Қирғизистон ҳаддалимкон кӯшиш карданд, ки дар қаламрави Тоҷикистон муқовимат бо роҳи осоишта ҳал гардад.

Тавре ба назар мерасад, чӣ дар ҳукумат ва чӣ дар ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон умедворӣ зиёд аст, ки раҳбарони ҷонибҳои қирғиз аз таҳаммул кор гирифта, роҳи ҳалли осоиштаи мухолифатро пайдо мекунанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз ҷонибҳои қирғиз даъват кард, ки ихтилофҳоро дар сари мизи музокирот ҳал намоянд.
Ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократии Тоҷикистон аз мавқеи ҳукумати кишвар пуштибонӣ мекунад. Ин ҷумлаи сабзро клик кунед ва назари муовини аввали раиси Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатовро бишнавед.


Мавқеи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳам ба ҳукумат ва ҳизби ҳоким шабеҳ аст. Муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломӣ Муҳиддин Кабирӣ доир ба ҳаводиси Қирғизистон чунин меандешад.

Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва Ҳизби Халқӣ-Демократӣ дар Маҷлиси Намояндагон палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон намояндагӣ доранд. Аммо мавқеи ҳизбҳое, ки дар интихобот вориди Маҷлиси Намояндагон нашуданд, чӣ гуна аст? Шокирҷон Ҳакимов - муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон мегӯяд, рӯйдодҳои ахири Қирғизистон бояд ба дигар ҷумҳуриҳои минтақа дарс шаванд.

Ҳизби Демократи Тоҷикистон ҳам дар интихоботи порлумони кишвар ноком шуд. Ин ҳизби сиёсӣ рӯйдодҳои ахири Қирғизистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунад. Ин ҷумларо клик кунед ва посухи раиси ситоди ҳизби мазкур Раҳматулло Валиевро бишнавед.
Аммо таъсири рӯйдодҳои ахири Қирғизистон ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна хоҳад буд.
Андешаҳои Додоҷони Атовулло муҳаррири нашрияи "Чароғи Рӯз"
XS
SM
MD
LG