Масъулини Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйдиҳии Тоҷикистон гуфтанд, интихоботи аъзои Маҷлиси Миллӣ палатаи болоии порлумони ин кишвар рӯзи 24 март дар доираи муқаррарот ва бидуни кадом қонуншиканӣ сурат гирифтааст. Алишер Азизов - намояндаи комиссияи марказии интихобот ба Радиои Озодӣ гуфт, вакилони маҷлисҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ дар саросари кишвар бо баргузории ҷаласот ва раъйдиҳии тарзи пӯшида аъзои Маҷлиси Миллиро барои панҷ соли оянда интихоб карданд.
Вай афзуд, аз панҷ ҳавзаи интихоботие, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ барои интихоби аъзои Маҷлиси Миллӣ ташкил шуда буд, мутаносибан панҷ нафарӣ интихоб карда шуданд. Тибқи маълумоти комиссияи мазкур, раисони се вилояти кишвар ва ҳамчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси пешини Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе дубора узви Маҷлиси Миллӣ баргузида шудаанд. Нависанда Меҳмон Бахтӣ раиси Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон низ яке аз панҷ аъзои интихобшуда ба палатаи болоии порлумон аз шаҳри Душанбе будааст. Маҷлиси Миллӣ бо тавофуқи нерӯҳои собиқи мухолифин ва ҳукумат ва баъди ислоҳи Қонуни Асосии Тоҷикистон дар соли 1999 ба фаъолият оғоз кардааст.
Бисту панҷ узви Маҷлиси Миллӣ таввасути маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ интихоб мешаванд. Ҳашт узви дигари Маҷлиси Миллиро раиси ҷумҳури Тоҷикистон мансуб мекунад ва тибқи Қонуни интихобот раисони ҷумҳури Тоҷикистон пас аз хатми мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ узви якумрии Маҷлиси Миллӣ мешаванд. Ин маҷлис солона се маротиба ҷаласа баргузор мекунад. Фармонҳои раиси ҷумҳур, аз ҷумла доир ба таъйини додситони кулл, раиси додгоҳи олӣ ва куллия қавонини кишвар ба истиснои Қонуни Буҷа танҳо пас аз тасвиби ин маҷлис ҳукми иҷро мегиранд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе