Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадяи бебаҳои Наврӯз ба кабкони дарии Тоҷикистон


Ҳудуди 1000 дона кабк дар нахустин рӯзи фарвардинмоҳ ба ифтихори Наврӯз дар Раштонзамин аз қафас озод шуданд ва ин иқдом бо ташаббуси кумитаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рашт дар ҳамкорӣ бо дӯстдорони табиат дар ҳузури садҳо нафар сурат гирифт. Дар робита ба ин Мирзохоҷа Ғиёсов масъули кумитаи ҳифзи табиат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо тасмим гирифтанд, дар маҳз дар рӯзи Наврӯз ин ҷонварони зебои табиатро дар ҳузури мардуми зиёд озодӣ бахшанд.

Барфрезии зиёди имсола, ки кӯҳистони Рашт дар 30 соли ахир онро дар ёд надоштааст, ҳайвоноту паррандаҳоро аз гуруснагӣ ба сӯи деҳоти водӣ кашонд ва кабки хушхиром, ки зеботарин паррандаи кӯҳистон маҳсуб мешавад, миёни он ҳама олами вуҳушу туюр сахттарин рӯзҳоеро ба иллати сармои шадид пушти сар мекард. Аз як сокини ноҳияи Рашт Ҳоҷӣ Муҳаммадраҷаб метавон ёдоварӣ кард, ки қариб 100 кабкро аз аҳолӣ бо қиммати ҳар яке 5 сомонӣ харидорӣ карда ва рӯзи Наврӯз раҳо намуд.

Аммо дар ҳамин ҳол Мирзохоҷа Ғиёсов гуфт, ба суратҳисоби кумитаи ҳифзи муҳити зист аз ҳисоби ҷаримаи шикорчиёне, ки ғариқонунӣ кабк шикор кардаанд, маблағи зиёде ворид шудааст. Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои шикор ва ё доштани як кабк 60 сомонӣ ҷарима муқаррар кардааст. Наврӯзи имсола барои кабкони дарӣ бузургтарин ҳадя озодиро эҳё намуд ва бошад, ки ин қақраи кабкони озод аз тариқи Радиои Озодӣ чун як табрикоти наврӯзӣ ба гӯши тамоми оламиён бирасад.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG