Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозсозии роҳи Душанбе - Ҷиргатол оғоз ёфтааст


Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни таҷлили базми Наврӯзи имсола дар маркази ноҳияи Ваҳдат, 25 километрии шарқи Душанбе, ин ноҳияро бо доштани мавқеъияти мусоиди ҷуғрофиёӣ яке аз дарвозаҳои асосии пойтахти кишвар номид ва гуфт, соли 2005 бозсозӣ ва бунёди ҷодаи аслии мошингарди минтақаи шарқ -- шоҳроҳи Душанбе - Ҷиргатол оғоз ёфтааст:

Тарҳи бозсозӣ ва таҷдиди шоҳроҳи аслии мошингарди минтақаи шарқи Тоҷикистон аз сӯи Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мешавад. Бо ин ҳадаф бонки мазкур ба унвони қарз 15 миллион доллари амрикоӣ дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон қарор додааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, барои иҷрои тарҳи ёшуда Созмони кишварҳои тавлид ва содиркунандаи нафт ОПЕК 6 милилион доллари амрикоӣ барои он ҷудо намудааст.

Бино ба иттилоъи Вазорати роҳ ва нақлиёти Тоҷикистон, бозсозии ҷодаи Душанбе - Ҷиргатол аз сӯи ширкати роҳсозии «Синахайдра»- Чин анҷом мегирад. Ғайбулло Боронов, муовини раиси маркази татбиқи лоиҳаҳои бозсозии роҳҳои мошингарди Тоҷикистон гуфт, дар марҳалаи аввал 73 километри ҷодаи мазкур пурра тармим мегардад.

Ин дар ҳолест ки ягона шоҳроҳи мошингарди минтақаи шарки Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ рӯи таъмирро надидааст ва ба ин далел, тибқи омори расмӣ, тайи 10 соли охир дар ин роҳ беш аз 50 садамаи автомобилӣ бо дар пай доштани талафоти ҷонӣ рух додааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG