Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкум ба зиндон шудани шаҳрванди Туркия дар Тоҷикистон


Додгоҳи Вилояти Мухтори Бадахшон шаҳрванди 24-солаи Туркия Мураттан Якмуруглиро дар убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Афғонистон гунаҳкор дониста, ба ду соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Мураттан Якмуруглӣ шоми 27 июни соли 2004 марзи Тоҷикистону Афғонистонро дар минтақаи Ишкошим убур карда, аммо пас аз чанд рӯз дар маҳалли Курговади ноҳияи Дарвоз аз ҷониби марзбонони рус боздошт шудааст.
Додгустар Амонулло Муқарраршоев гуфт, агарчӣ гумонбар бидуни иҷозаи мақомоти дахлдор сарҳадро убур кардааст, аммо ҳангоми тафтиши парвандаи ӯ бархе муқаррароти қонун, яъне ҷавон будан ва дигар ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо ба назар гирифта шуданд.
Мураттан Якмуруглӣ дар мурофиа гуфтааст, ӯ дар гузашта узви Ҳизби Коргарии Курдистон будааст, аммо пас аз хориҷ шудан аз узвияти ҳизб барои муҳоҷират ба кишварҳои Аврупо таввасути қаламрави Булғористон саъй кардааст. Вале ӯро полиси марзбонии ин кишвар боздошт намуда ба кишвараш пас фиристодааст. Баъди ин нокомӣ Мураттан Якмуруглӣ қаламрави Афғонистону Тоҷикистонро минтақаи убур ба мамолики Аврупо ихтиёр кардааст. Дар ҳамин ҳол як шаҳрванди эрониро дар Бадахшон мурофиаи додгоҳӣ низ интизор аст, ки вай низ гуфтааст, ба хотири роҳ ёфтан ба мамолики Аврупо маҷбур ба убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Афғонистон шудааст.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ
XS
SM
MD
LG