Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи қотилони муҳоҷирони тоҷик дар Сургут


Додгоҳи шаҳри Сургути Русия ба баррасии парвандаи як гурӯҳи скинхедҳо, ки дар куштори шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла ду атбоъи Тоҷикистон муттаҳам дониста шудаанд, шурӯъ кард. Ба гуфтаи Виктор Румянтсев, иҷрокунандаи вазифаи раиси додгоҳи шаҳр ба курсии ҷиноят панҷ нафар ҷавонони аз 15 то 18-сола нишонида шудаанд. Виктор Румянтсев гуфт, ду тан аз аъзои ин ҷунбиши скинхедӣ аввали моҳи феврали соли 2004 як шаҳрванди Тоҷикистонро куштаанд ва охири ҳамон моҳ 4 узви ин ҷунбиш, дигар шаҳрванди Тоҷикистонро дар истгоҳи автобус ба ҳалокат расониданд. Ба гуфтаи мақомоти бозрасӣ, ҳамлаварон узви дастаи 25 нафарии ҷавонфашистҳои маҳаллӣ ҳастанд, ки аз мардумони ғайриславянӣ пок кардани Сибирро ҳадафи аслии худ қарор додаанд.
Ин нахустин мурофиаи додгоҳии скинхедҳои Сургут нест. Додгоҳ моҳи апрели соли 2003 нӯҳ нафар скинхедро аз 4 то 8 сол шартан аз озодӣ маҳрум кард, ки соли 2002 дар минтақаи тафреҳии Сайма бо занҷир ва калтак ба 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамла карда, як нафарро куштанд ва 4 нафарро маҷрӯҳ бар ҷой гузоштанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи хабаре аз минтақаи дигари Сибир шаҳри Иркутск шаби 16-уми март се нафари ниқобпӯш ба пойи шаҳрванди Тоҷикистон тир андохта, 800 ҳазор рубли вайро, ки муодили 24 ҳазор доллар мебошад, рабудаанд. Сухангӯи пулис ба манофеъи бозрасӣ аз ифшои номи ҷабрдида худдорӣ варзидааст.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG