Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ ба зидди аъзои Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон


Низомиддин Бекматов, номзади собиқи Ҳизби Сотсиал-Демократ ба Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва Насимҷон Шукуров, нафари боэътимоди ин номзад аз сӯи мақомоти додситонии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд боздошт ва ба маҳбас андохта шудаанд. Раҳматулло Зойиров, раиси ин ҳизб чаҳордаҳуми март зимни як нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки бар муқобили ин ду узви ҳизби онҳо тибқи панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла барои таҳқири намояндаи ҳукумат ва тӯҳмат парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Оқои Зойиров гуфт, баъд аз баргузории интихоботи порлумонӣ мақомоти қудратии ин кишвар фишору таъқиб ба аъзо ва ҷонибдорони ҳизби ӯро афзуданд. Ӯ идом дод, ин дар ҳолест, ки чаҳор ҳизби мухолифи Тоҷикистон, ба ҷумлаи Ҳизби Сотсиал-Демократ натоиҷи интихоботи порлумонии 27 февралро эътироф накарда ва ба Комиссияи Марказии Интихобот номаи эътирозӣ ирсол намудаанд: "Дар мавриди Бекматов ва Шукуров ҳаминро гуфтаниам, ки намояндагони комиссияи маҳаллии интихобот ба онҳо пешниҳод мекунанд, ки шумо аз Ҳизби Сотсиал-Демократ даст кашед, шумо депутат мешавед. Вале онҳо на танҳо рад карданд, балки гуфтанд, мо фахр мекунем, ки узви ин ҳизб ҳастем. Дуввум сабаб ин аст, ки ҳам Шукуров ва ҳам Бегматов дар мавриди тақаллубкорӣ дар интихобот далели зиёд дар даст доранд. Аз ин рӯ онҳоро таъқиб карда, парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ба маҳкама кашиданд, то имкони фош кардани ин далелҳоро надошта бошанд."

Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, парвандаи ҷиноӣ бар муқобили Низомиддин Бекматов ва Насимҷон Шукуровро, тибқи изҳороти бардурӯғи раиси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов, боз кардаанд. Ӯ гуфт, ин амали тарҳрезишуда алайҳи Ҳизби Сотсиал-Демократ мебошад, зеро дар вилояти Бадахшон низ бар муқобили нафари боэътимоди номзади ҳизби онҳо парвандаи ҷиноӣ боз карданд: "Аз мақомоти додситонӣ ва ситоди бадахшонии ҳизб ба мо хабар расид, ки бар муқобили Файзулло Занҷирбеков, нафари боэътимоди Амният Абдуназаров, номзади Ҳизби Сотсиал-Демократ парвандаи ҷиноӣ боз гардид. Додситонӣ бо айби гӯё дар таърихи 10 сол қабл доштаи Занҷирбеков ӯро муттаҳам медонад."

Мақомоти додситонии Тоҷикистон аз шарҳи боздошти намояндагони Ҳизби Сотсиал-Демократ худдорӣ мекунанд ва ин дар ҳолест, ки раёсати Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, пас аз посухи Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон ба номаи шикоятии аҳзоби мухолиф дар мавриди интихоботи порлумонӣ, алайҳи таъқиби аъзо ва ҷонибдорони ҳизби худ даст ба тазоҳурот зананд. Ба гуфтаи Раҳматулло Зойиров, рӯзи гирдиҳамоӣ дар шаҳри Душанберо мушаххас накардаанд, вале меафзояд ӯ, ин тазоҳурот бар асоси қонун сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG