Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти муҳоҷирони тоҷику узбак аз як ширкати сохтмонии Русия


Додситонии шаҳри Маскав дар қиболи роҳбарони ширкати сохтмонии "Донстрой", ки муддати дароз дастмузди коргарон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро напардохтаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Дар ин бора намояндаи расмии додистонии Маскав Сергей Марченко ба Радиои Озодӣ дар Маскав хабар дод. Вай гуфт, бозрасии муқаддамотӣ нишон дод, ки ин ширкат аз моҳи сентябри соли гузашта то моҳи равон ба коргарон музди кор надодааст, ки маблағи умумии он 36 миллион рублро ташкил медиҳад.

Охири моҳи феврал ҳудуди 100 коргари "Механизация сервис", ки як бахши ширкати "Донстрой" аст, дар эътироз ба напардохтани музди кор ба тазоҳурот даст заданд ва роҳи ҳаракати нақлиётро масдуд карданд. Тазоҳургарон, ки аслан шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон будаанд, ба додситонӣ гуфтаанд, ширкат аз ҳар кадоми онҳо, ҳудуди 100 ҳазор рубл, муодили чор ҳазор доллар қарздор аст. Ба гуфтаи онҳо, ин корхона аксаран аз имзои қарордод бо коргарон худдорӣ мекунад ва барқасдона маоши коргаронро пас аз моҳҳо мепардозанд, то онҳо корхонаро тарк накунанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Душанбе
XS
SM
MD
LG