Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои тавофуқнома миёни Тоҷикистону Миср


Дар ҷараёни сафари якрӯза ба Тоҷикистон Иззат Саъад Ас-Сайид муовини вазири умури хориҷаи Миср 14-уми март дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот анҷом дод. Иззат Саъад Ас-Сайид баъд аз анҷоми мулоқот ба Радиои Озодӣ гуфт, дар дидораш бо президент Раҳмонов асосан пиромуни рушди равобити иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар табодули афкор намудааст: "Вазъи феълии равобити сиёсии байни ду кишвар дар хуб аст. Аз замони барқарор гардидани муносибот миёни ду кишвар беш аз 500 нафар мутахассисони тоҷик дар ҷумҳурии Миср давраҳои омӯзиш ва такмили ихтисосро гузаштаанд."
Дипломати Мисрӣ гуфт, хушбин аст, ки дар оянда доманаи ҳамкориҳо миёни Мисру Тоҷикистон васеътар хоҳад шуд.
Иззат Саъад Ас-Сайид ҳамчунин гуфт, дар ин росто миёни вазоратҳои хориҷии ду кишвар як ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст. Дипломати мисрӣ 14-уми март инчунин бо мақомоти вазорати иқтисоди Тоҷикистон низ дидор кардааст. Дар ин дидор масъалаи таъсиси Комиссияи муштараки ҳамкорӣ миёни Мисру Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG