Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Созмони Авфи Байналмилал доир ба Тоҷикистон


Созмони Авфи Байналмилал, ки ҳодисаҳои азияти маҳбусонро Тоҷикистон дар моҳҳои июн-декабри соли 2004 таҳқиқ кардааст мегӯяд, дар идораи милисаи шаҳри Норак шаҳрвандон Владимир Василчиков, Елена Дуденкова ва шавҳари ӯ Виктор Дуденков дар моҳи июни соли гузашта бо иттиҳоми қатли модари Василчиков - хонум Мария боздошт шуданд ва ҳангоми бозпурсӣ мавриди лату кӯбу таҳдиди маъмурони идораи милиса қарор гирифтанд.

Дар бахши дигари ҳамин гузориш, ки ба мораторий ё манъи ҳукми эъдом дар Тоҷикистон бахшида шудааст, гуфта мешавад, ки баъди як изҳороти раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов роҷеъ ба манъи ҳукми эъдом дар Тоҷикистон, палатаҳои болоиву поёнии парламент чанд тағйироти ҷиддиро дар ин замина ба қонунҳо ворид карданд. Ҳамакнун ба ҷойи ҳукми қатл 25 соли зиндон раво дида мешавад ва он ҳам барои 5 навъи ҷинояти махсусан вазнин. Ин ҷиноёт қатли барқасдона, таҷовуз ба номус, ки оқибатҳои махсусан вазнин доранд, терроризм, наслкушӣ ва биоцид, ва ё куштор бо истифода аз маводи биологӣ мебошанд.

Масъалае, ки дар ин замина мавриди нигаронии Созмони Авфи Байналмилал қарор гирифтааст, ин аст, ки ҳатто баъди ҳукми қонунӣ касб кардани мораториум, хешу ақрабойи афроди эъдомшуда ҳаққи донистани ҷойи дафни наздиконашонро надоранд. Кейти Тейлоргуби, як масъули дафтари матбуоти созмон дар Лондон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин замина гуфт: "Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ҷасади шахси эъдомшуда набояд аз хок берун кашида шавад ва ҷойи дафн ҳам набояд ошкор гардад. Дар натиҷа, хешу ақрабойи афроди эъдомшуда, ки мехоҳанд, хоки назиконашонро зиёрат кунанд, бо як рафтори бераҳмонаву ғайриинсонӣ рӯ ба рӯ мешаванд."

Нигаронии Авфи Байналмилал ин аст, ки Тоҷикистон баъзан ӯҳдадориҳои байналмиллиашро поймол мекунад. Ин баёния аз қазияи Ғайбуллоҷон Сайидов ва Баҳром Ҳомидов, собиқ аъзои Фронти Халқии Тоҷикистон ва пуштибонони Маҳмуд Худойбердиев ёдовар шудааст. Кейти Тейлоргуби аз Авфи Байналмилал дар Лондон дар ин замина мегӯяд: "Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар таърихи 20-ум ва 25-уми август изҳор намуд, ки нисбат ба қазияи Ғайбуллоҷон Сайидов ва Баҳром Ҳомидов Тоҷикистон ҷиддан ӯҳдадориҳояшро дар баробари Эъломияи байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандиву сиёсӣ поймол кардааст. Бахусус муҳокимаи ин ду мард ғайриозод баргузор гардид ва иқрори онҳо таҳти шиканҷа ба даст омадааст."

Авфи байналмилал мегӯяд, алорағми дархостҳои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ оид ба баррасии ҷудогонаи ин қазия, Ғайбуллоҷон Сайидов дар моҳи апрели соли 2001 эъдом шуд. Баҳром Ҳомидов дар моҳи сентябри соли 2001 аз сӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум гардид.
XS
SM
MD
LG