Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири мавқеъ кардани Ҳизби Наҳзат ва Ҳизби Коммунист


Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон баррасии шикоёти аҳзоби сиёсии норозӣ аз натоиҷи интихоботи порлумонии кишварро идома медиҳад, агарчӣ қарор буд ин комиссия дар зарфи се рӯз баъд аз дарёфти шикоёт посухи худро эълом кунад. Муҳибулло Додоҷонов - раҳбари дафтари Комиссияи Марказии Интихобот гуфт, гурӯҳи аъзои комиссия ва ҳуқуқшиносон таҳқиқи шикоёти аҳзобро ба анҷом нарасонидааст ва хулосаи гурӯҳи корӣ танҳо баъд аз таъйиди аъзои Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсӣ интишор хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, бархе аз шикоёте, ки унвонии комиссия аз сӯи номзадҳо ва аҳзоб ворид шуд, ҷиҳати тафтиш ва таҳқиқ ба додгоҳ ва ба додситонӣ ирсол шудааст. Дар ҳамин ҳол Ҳикматулло Сайфуллозода - раҳбари дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва яке аз муддаиёни мақоми вакилӣ, ки номаи ҷавобии Додситони Куллро дар иртибот ба шикояти худ дар мавриди тақалубкории масъулини ҳавзаи интихоботӣ гирифтааст, гуфт, дар ҳеҷ сурат ба он розӣ буда наметавонад. Ӯ гуфт, додситонӣ танҳо пас аз даҳ рӯзи интихобот дар робита ба қонуншиканиҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ ба ӯ ҷавоб гуфтааст, ки бемантиқ аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки аз чаҳор ҳизби норозӣ аз натоиҷи интихобот Ҳизби Коммунист ва Ҳизби Наҳзат, ки садди панҷдарсадиро убур кардаанд, ба фарқ аз изҳороти қаблӣ эълом доштанд, ки вукалои онҳо дар ҷаласаи порлумони ҷадид ширкат мекунанд.
Ба ақидаи бархе аз коршиносон тағйири мавқеъ кардани ин ду ҳизб натиҷаи муомила миёни ҳукумат ва ҳизбҳо будааст. Муҳибулло Додоҷонов гуфт, 60 вакили интихобшуда ба шумули вакилони Ҳизби Наҳзат ва Ҳизби Коммунист шаҳодатномаи худро гирифта ва дар ҷаласаи нахустини порлумони кишвар, ки қарор аст 17 март доир шавад, ширкат кунанд.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG