Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Растаи гул -- гармтарин бозор дар рӯзи 8-уми март


Гармтарин бозори пойтахти Тоҷикистон дар рӯзи сешанбеи 8 март бозори гулфурӯшӣ буд. Ба гуфтаи гулфурӯшон, ҷашни занон дар 8 март рӯзест, ки бештар аз ҳар рӯзи дигари ҷашнӣ гул ба савдо меравад. Тайи се рӯзи ахир ба гунаи боварнакарданӣ қиммати анвои гул дар бозори гулфурӯшии Душанбе боло рафт. Як дона гули садбарги ҳиндӣ то 6 сомонӣ ва як гули садбарги ҳолландӣ то 15 сомонӣ ба савдо мерафт. Барои харидории як дастагули мураккаб аз гулҳои ҳолландӣ ҳадди аққал 45 сомонӣ ва бештар аз он зарур аст. Як гулфурӯши бозори марказии Душанбе мегӯяд, сабаби афзоиши қиммати гул танҳо дар рӯзи ҷашн ва афзун шудани харидорони гул нест: "Пештар аз Ӯзбакистон меовардем, арзон буд, он ҷо виза ҷорӣ карданд, дигар намеравем. Аз Ҳиндустон меорем, барои ҳамин қиммат аст."

Мехчагул аз тамоми анвои гулфурӯшиҳои бозори марказии Душанбе дар рӯзи 8 март танҳо гуле буд, ки дар дохил парвариш шудааст ва аз ин хотир арзонқиммат аст ва як донаи он як сомонӣ ба фурӯш мерасид. Собира як зани гулфурӯш дар бозори гузаргоҳи фурӯшгоҳи бузург мегӯяд, солҳост, ки ба гулфурӯшӣ шуғл дорад. Аммо аз ӯ, ки суол мекунам, оё дар ин рӯз худаш низ интизори дарёфти тӯҳфаи гулеро дорад, китф дарҳам мекашад.
XS
SM
MD
LG