Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент раиси телевизион ва вазири нақлиётро нав кард


Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон дар раҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ ва ноҳияҳои кишвар тағйирот ва ҷойивазкуниҳои кадрӣ ба амал овард. Мудири пешинаи барномаҳои телевизиони Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов дар мақоми раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои кишвар Абдуҷаббор Раҳмоновро, ки акнун ба ҷои Сафаралӣ Раҷабов вазири маорифи Тоҷикистон таъин шуд, иваз кард. Вазири нақлиёт Абдуҷалол Салимов бо сабаби ба вазифаи дигар гузаштанаш аз вазифа озод шуда, ба ҷои вай муовини аввалаш Абдураҳим Ашӯров вазири нақлиёт таъин гашт. Дар ивази Муним Холиқов Мирганд Шаҳбозов раиси кумитаи давлатии омор ва ба ҷои Гулчеҳра Бозорова М. Холиқов сардори Хазинаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар шуданд. Тибқи ҳамин силсилаи фармонҳо раисони ноҳияҳои Дарвоз, Исфара, Мӯъминобод ва шаҳри Чкаловск иваз шуданд.
Президент Раҳмонов бо як фармони дигари худ вазирон ва сарони идораҳои давлатиро вазифадор кард, ки дар ҳар се моҳ барои журналистон нишастҳои хабарӣ баргузор намоянд.
Холиқи Сангин
XS
SM
MD
LG