Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти гузориши муқаддамотии нозирони САҲА дар бораи интихоботи порлумонии Тоҷикистон


Нурмуҳамади Холзода

Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башари ин созмон дар натиҷагириҳои муқаддамотии худ роҷеъ ба интихоботи 27-уми феврали порламонии Тоҷикистон гуфтааст, ин интихобот ба бисёре аз таъаҳҳудоти калидии созмони мазкур ва соири меъёрҳоии байналмилалии баргузории интихобот мутобиқ набуд.

Нозирон дар робита бо он 7 нуктаро зикр кардаанд:

- Дар ҳайати кумиссиюнҳои интихоботӣ ба андозаи кофӣ ҳамаи нирӯҳо узвият надоштанд ва гуногунандешӣ вуҷуд надошт, ки битавонад эътимоди умумиро ҷалб кунад. Ба хусус, мақомоти маҳаллӣ бо ҳизби ҳоким ҳамкорӣ мекарданд ва дар кумиссиюнҳои интихоботӣ мақомҳои раҳбариро бар ӯҳда доштанд. Ин падида мустақилияти кумиссиюнҳои интихоботӣ аз давлатро зери суол мебарад.

- Ҳангоми баргузории интихобот дар маҳалҳо шаффофияти комил мушоҳида нашуд ва чунин равиш ин суолро матраҳ кард, ки оё тасмимот бар асоси қонун иттихоз шудааст ё хайр?

- Маъракаи интихоботӣ ба таври густарда зери назорати мақомоти интихоботӣ ва мақомоти давлатӣ буд, на зери назари номзадҳо.

- Ду раҳбари маъруф аз ду ҳизби мухолиф ба далели боз шудани парвандаи ҷиноӣ барои ширкат дар интихобот сабти ном нашуданд, бо вуҷуди ин ки ҳукми додгоҳ дар бораи ҷинояткор будани онҳо содир нашудааст.

- Тарзи пешниҳоди шикоятҳои расмӣ шаффоф ё муассир набуд.

- Чаҳор нашрияи мустақил баста шуд ва нашрияҳои дигар сабти ном намешуд, ки ба раванди интихоботи демократӣ муғойират дорад.

- Дар матбуъоти давлатӣ ва дар бисёре аз матбуъоти хусусӣ дар бораи номзадҳо ва ҳизбҳо маълумоти қобили дастрасӣ вуҷуд надошт. Намунаҳое вуҷуд дорад, ки паёмҳои интихоботии ҳизбҳо дар телвизиюни давлатӣ мавриди сонсур қарор гирифтааст ва дар натиҷа суол пеш омадааст, ки оё райдиҳандагон тавонистаанд, огоҳона номзади худро интихоб кунанд?


Дар баробари ин, дар гузориши муқаддамотии намояндагии САҲА ва Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башари ин созмон 5 нуктаи мусбат роҷеъ интихоботи рӯзи 27 феврал ёдоварӣ шудааст:

- Интихобот дар фазои сулҳомез баргузор шуд ва хушунати ҷиддие, ки ба интихобот иртибот дошта бошад, ба назар нарасид.

-Шаш ҳизби сабтиномшуда ва номзадҳои онҳо дар ҳавзаҳои инфиродӣ ширкат карданд, ки намунаи гуногунандешӣ ва интихоби раъйдиҳандагон аст.

-Тағйиру иловаҳо ба қонуни интихобот дар баъзе мавридҳо барои баргузории интихобот дар чаҳорчӯбаи қонун кӯмак кард.

-Қуттиҳои раъйдиҳӣ шаффоф буд.

-Матбуъоти давлатӣ ҳангоми таблиғ ва пахши огаҳӣ дар бораи интихобот тавозуни нисбиро риъоят мекарданд.


Хулосаҳои умумии нозирони САҲА чунин аст:

- Дар рӯзи интихобот вазъ ором буд.

- Нозирони интихоботӣ аз 80 дарсади ҳавзаҳо боздид карданд ва вазъи интихоботиро дар ин ҳавзаҳо мусбат арзёбӣ карданд. Бо вуҷуди ин, дар ҷараёни раъйдиҳӣ қонуншиканӣ ба таври васеъ ба назар мерасид.

- Раъй додан ба ҷои дигарон падидаи маъмулӣ буд.

- Шумориши оро низ дар бисёре аз ҳавзаҳо нигарониҳои ҷиддӣ ба бор меовард. Нозирон дар 53 дарсади қитъаҳои интихоботӣ шумориши ороро "бад" ва ё "хеле бад" баҳо доданд.

- Ҷараёни шумориши дақиқи оро, ки барои ҳифзи натиҷаҳои интихобот зарурист, рӯиҳамрафта, дунбол нашуд ва ба ҷои худкор истифода аз қалам барои пур кардани протокол мушкили ҷиддӣ буд.

- Ширкати раъйдиҳандагон дар баъзе қитъаҳо беш аз он чӣ, ки нозирон мушоҳида карданд, ба қалам дода шудааст.

- Тартиби пур кардани протоколи ҳисоби оро ва ҳисоби ниҳоии оро низ нигаронкунанда буд. Аз қитъаҳои интихоботӣ протоколхои холиро ба ҳавзаҳо мефиристоданд ва нозирон мушоҳида кардаанд, ки дар ҳавзаҳо барои пур кардани протокол мудохила сурат гирифтааст.


Бино ба гузориши муқаддамотии нозирони САҲА, чунин нуқсонҳо шафофияти интихоботро дар ниҳояти амр мавриди суол қарор додааст.
XS
SM
MD
LG