Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Амрико: "Интихобот нисбатан беҳтар, вале ҳамроҳ бо камбудиҳо сурат гирифт"


Сафорати Амрико дар Душанбе дар баёнияе, ки рӯзи душанбе, 28 феврал мунташир намуд, аз раванди куллии ҷараёни интихоботи порлумони Тоҷикистон ба хубӣ ёд мекунад ва мегӯяд, пешрафтҳое дар муқоиса бо интихоботи пешин вуҷуд доштааст. Ба ақидаи сафорати Амрико, мушорикат дар интихобот васеъ буда ва мардум самимона интизор доштанд, ки орои онон шумурда шавад ва таъсир бигузорад.

Дар баёнияи сафорати Амрико омадааст, ки қавонини интихобот беҳбуд ёфт ва ин корро давлат дар машварати наздик бо СММ ва САҲА анҷом дод ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ба такрор хостори он шуд, ки интихобот шаффоф баргузор шавад.

Сафорати Амрико мегӯяд, бо ин ки Кумиссиюни Марказии Интихобот дар ҳамкории наздик бо созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ кор кард, аҳзоби мухолиф ва нозирони байналмилалӣ аз мавориди густардаи мушкилот дар рӯзҳои қабл аз интихобот ва ҳамчунин дар рӯзи интихобот хабар додаанд. Ба нақл аз ин баёния, гузоришҳои муттаадиде будааст, ки кумиссиюнҳои маҳаллии интихоботӣ ба рӯи нозирон баста шуда буданд, ки ин амр муғойир бо меъёрҳои байналмилалӣ ва қавонини Тоҷикистон аст ва дар натиҷа, рӯшан нест, ки натоиҷи ниҳоӣ то чӣ ҳадд мунъакискунандаи иродаи мардум бошад.

Аз дигар нукоте, ки дар ин баёния ба он ишора шудааст, фишори давлатӣ бар матбуоти мустақил бо баҳонаҳои ҳуқуқист.
XS
SM
MD
LG