Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи рақобатҳо барои дарёфти ҷоми Долтабоев


Мусобиқаи дастаҳои футболи минтақаи Душанбе барои дарёфти ҷоиза ба хотираи Рустам Долтабоев, собиқадори футболи тоҷик ба поён расид. Ҳашт даста барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти ҷумҳуриявӣ тӯли дувоздаҳ рӯз рақобат карданд. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - қаҳрамони футболи Тоҷикистон, ки дар 7 бозӣ 19 хол ба даст овард, дар садри ҷадвали бозиҳо қарор гирифт. ЦСКА - тими Вазорати дифоъи Тоҷикистон бо 15 хол ҷойи дуюмро ишғол намуд. «Хима»-и Душанбе бо 14 хол дар зинаи сеюм ҷойгир шуда, тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо 13 хол мақоми чаҳорумро соҳиб гашт. Ба ин тартиб, «Регар-ТадАЗ», ЦСКА, «Хима» ва мунтахаби ҷавонон барои ширкат дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ ёфтанд.

Насриддин Азизов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, давраи ниҳоии мусобиқот бо ширкати 8 даста аз 1 то 10 март дар варзишгоҳи ЦСКА дар шаҳри Душанбе доир мешавад. Нахуст дастаҳои гурӯҳи «А» рӯзи сешанбе ба қувваозмоӣ шурӯъ хоҳанд кард. Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Олимп-Равшан»-и Кӯлоб бо «Авиатор»-и Бобоҷон Ғафуров рақобат мекунанд. Баъдан рӯзи чоршанбе нахустин даври мусобиқот миёни дастаҳои гурӯҳи «Б» баргузор хоҳад шуд. «Хуҷанд» -и Хуҷанд бо «Хима»-и Душанбе ва ЦСКА бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа зӯрозмоӣ хоҳанд кард.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG