Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ахбори варзишии рӯзи 26 феврал


Дар Бозиҳои махсуси зимистонаи олимпӣ миёни варзишгарони навраси маъюб, ки дар шаҳри Наганои Ҷопон оғоз ёфт, Тоҷикистонро дастаи дувоздаҳнафараи чавгонбозон намояндагӣ мекунад. Дилбар Шарипова, раиси Special Olimpics ё худ Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, варзишгарони навраси маъюби тоҷик нахустин бор дар чунин бозиҳо ширкат доранд. Мусобиқот тибқи барномаи ин бозиҳо дар Ҷопон то 5 март идома хоҳад кард.

Мусобиқоти анъанавӣ барои дарёфти ҷоиза ба хотираи Рустам Долтабоев, собиқадори футболи тоҷик дар ду минтақа ба анҷом расид. Бино ба иттилоъи Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, нахустин шуда «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Олимп - Равшан»-и Кӯлоб - ду дастаи беҳтарини минтақаи Хатлон ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Баъдан «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Авиатор»-и Бобоҷон Ғафуров - зӯртарин дастаҳои минтақаи Суғд ба ҳаққи ширкат дар бозиҳои ниҳоӣ сазовор шуданд. Ва аммо дар минтақаи Душанбе дар ҳамин ҳол танҳо як даста - «Регар - ТадАЗ»-и Турсунзода соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ гаштааст.Тибқи низомномаи мусобиқот, аз ин минтақа 4 дастаи беҳтарин барои ширкат дар бозиҳои ниҳоӣ роҳ меёбанд. Ва барои се роҳхати дигар ЦСКА (тими Вазорати дифои Тоҷикистон), «Хима»-и Душанбе, «Ҳисор»-и Ҳисор ва дастаи мунтахаби наврасони ин кишвар талош доранд. Мирзо Муҳаммадҷонов афзуд, марҳилаи ниҳоии мусобиқот бо ширкати 8 дастаи беҳтарин рӯзҳои 1 - 10 март дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Рӯзи шанбе, 26-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон даври шашуми мусобиқаи дастаҳои футбол барои дарёфти ҷоизаи ҳафтавори «Вечерний Душанбе» шурӯъ шуд, ки рӯзи якшанбе натиҷагирӣ мешавад. Ба гуфтаи Раҳим Шарипов, сардовари ин мусобиқа, дар айни ҳол дар гурӯҳи «А» дастаи «Муродуллоҳ» бо 12 хол ва дар гурӯҳи «Б» дастаи «Роҳи Абрешим» бо 15 хол дар садри ҷадвали бозиҳо қарор доранд.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG