Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин иҷлоси Маҷлиси Намояндагон


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ё палатаи поёнии порлумони ин кишвар чаҳор рӯз пеш аз баргузории интихоботи порлумони нав, ки қарор аст 27 феврал доир шавад, охирин ҷаласаи худро баргузор кард. Раиси Маҷлиси Намояндагон Сайдулло Хайруллоев ҳангоми паёми худ дар ин маҷлис гуфт, агарчӣ нахустин порлумонии касбии Тоҷикистон таҷрибаи кофӣ надошт ва ҳангоми фаъолияти он мушкилот пеш меомаданд, вале вакилони мардумӣ нишон доданд, ки ин мушкилотро метавон рафъ кард.

Сайдулло Хайруллоев бо ситоиш аз фаъолияти вакилони мардумӣ гуфтааст, палатаи поёнии порлумон дар зарфи панҷ соли фаъолияти худ 5 кодекс, 114 қонун қабул карда ва 160 созишномаву қарордод ва санадҳои байналмилалиро тасвиб кардааст. Вай гуфт, ба зудӣ вакилони нави парлумон интихоб мешаванд ва шояд онҳо қонунҳои беҳтар аз он қабул мекунанд, ки Маҷлиси аввал карда буд, аммо ин маҷлис ҳамчун нахустин порлумони касбӣ чун мактаби парламентаризм дар таърихи Тоҷикистон сабт хоҳад шуд. Тибқи қонун дар Тоҷикистон вакилони Маҷлиси Намояндагонро барои панҷ сол интихоб мекунанд.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG