Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши телевизион ва радиоҳои ғайридавлатӣ дар интихоботи Тоҷикистон


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе

Таблиғу инъикоси маъракаи интихоботи порлумонӣ ва бозтоби суханронии масъулини аҳзоби сиёсӣ, мубоҳисоти номзадҳои мустақил, интишори ба такрори огаҳиҳо доир ба интихобот дар расонаҳои савтиву тасвирии ғайридавлатии Тоҷикистон ба таври густарда идома дорад. Дар Тоҷикистон 21 радио ва телевизионҳои ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд.

Баракатулло Абулфайзов - сардори идораи Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, ки назорат ва танзими фаъолияти расонаҳои савтиву тасвирии ғайридавлатии кишвар ба ӯҳдаи ӯст, гуфт, ин расонаҳо тавонистаанд, халои иттилоотиро дар манотиқи мухталифи кишвар пур кунанд.
Оқои Абулфайзов бо тавсифи фаъолияти чанде аз ин расонаҳо аз қабили "Азия-Плюс", "Ватан", "Азия-ФМ", дар Душанбе, "Тироз" дар Хуҷанд ва "Мавҷи Тоҷик" дар Кӯлоб ва телевизионҳои "Азия", "Ғулакандоз", "Гули Бодом", "Спитамен", дар вилояти Суғд, студияҳои "Қӯрғонтеппа" ва "Мавҷи Озод" дар вилояти Хатлон, Телевизиони Регар дар Турсунзода ва ниҳоят дар Душанбе шабакаҳои мустақили "Пойтахт" ва "Сомониён" афзуд, ҳоло бештари мавзӯоти радио ва телевизиони ғайридавлатӣ ба масоили интихоботӣ иртибот дорад.

"Сомониён" яке аз ду телевизиони ғайридавлатии Душанбе тайи як моҳи ахир барномаи вижаеро таҳти унвони "Мунозираи номзадҳо" ба намоиш гузоштааст, ки дар он намояндагони аҳзоб ва номзадҳои мустақил бо ҳам баҳс мекунанд.

Радиои «Азия-Плюс» нахустин радиои ғайридавлатӣ дар пойтахт низ барномаи махсусе бо иштироки намояндагони ҳизбҳо, номзадҳо ва шунавандагонро роҳандозӣ кардааст, ки ба гуфтаи барандаи ин барнома Зебо Тоҷибоева аз сӯи сомеон хуш пазируфта шудааст: «Ин барнома умдатан барои муаррифии барномаи қаблазинтихоботии аҳзоб бахшида шудаааст ва ҳар ҳизб метавонад, дар ҳудуди 15 дақиқа аз он истифода барад. Намояндаи ҳизб ба суоли шунаванда посух медиҳад, аммо барои ҷавоб ду дақиқа вақт ҷудо шудааст.»

Намояндагони аҳзоби Тоҷикистон, номзадҳои мустақил ва коршиносон бар ин назаранд, ки расонаҳои электронӣ ва бахусус телевизион ҷиҳати муаррифии барнома, ошноии номзад бо раъйдиҳанда ва барои ҷалби таваҷҷӯҳи интихобкунанда аҳамияти муҳим дорад. Ба ақидаи Ҳикматулло Сайфуллозода номзади Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки дар чанд намоиши телевизионии «Сомониён» ширкат кардааст, ин мунозираҳо то андозае афкори умум дар шаҳри Душанберо тағйир додааст.

Аммо Ғаюр Қаҳҳоров - раиси маркази таҳлилии мавсум ба "Сотсиолог", ки дар арафаи интихоботи порлумонӣ дар бораи таъсири матбуот таҳқиқот анҷом додааст, мегӯяд, сокинони Душанбе бештар барномаҳои иттилоотии телевизионҳои Русияро тамошо мекунанд, на Тоҷикистонро.

Далер Амонов - мудири кулли радиои ғайридавлатии Ватан, ки гуфторҳои он дар Душанбе ва атрофи ин шаҳр пахш мешавад, гуфт, минбари расонаҳои савтиву тасвирии ғайридавлатиро мешавад бо пардохти маблағи муайян барои таблиғи барномаҳои интихоботии аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо бештар аз садо ва симои давлатӣ истифода кард. Зеро афзуд оқои Амонов, қавонини кишвар ҳам дар бораи радио ва телевизион, ҳам дар бораи матбуот ва ҳам дар бораи иттилоот ва ҳамчунин муқаррароти пешбиникардаи Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии кишвар дар ин замина маҳдудият ҷорӣ накардааст.

Дар ҳамин ҳол Асомиддин Атоев - мушовири Бунёди ҷамъиятии мавсум ба "Ибтикори шаҳрвандии сиёсати интернетӣ дар Тоҷикистон" мегӯяд, маъракаи таблиғ ва муаррифии барномаҳои номзадҳо тавассути саҳифаҳои интернетӣ низ сурат мегирад. Вай гуфт, дар чанде аз марокизи омӯзишӣ ва дастрасӣ ба интернети созмони байналмилалии IREX дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва Конибодом миёни интихобкунандагон, номзадҳо ва намояндаҳои аҳзоб мубоҳисот ва суолу ҷавоб ташкил шуд.

Аммо ба фарқ аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба мисли Эстония ва ҷамоҳири Қафқоз, дар Тоҷикистон номзадҳо ба порлумон сайти интернетӣ надоранд, агарчӣ мавҷудияти сайти интернетии номзад имкон медиҳад, то раъйдиҳанда бо ӯ ва барномаи ӯ бештар ошно шавад.
XS
SM
MD
LG